Сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ва роҳбарони вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳои ҶТ ва дигар ниҳодҳо иштирок доштанд. Дар мулоқот зикр карда шуд, ки бо мақсади ба сокинони шаҳру навоҳии мамлакат фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои тарғибгар аз 11 то 18 январ бо сафари корӣ ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебароянд. Мақсади асосии сафари гурӯҳҳои корӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат аз ташреҳи бандҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромаданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардидаи ин мақоми олии қонунбарор дар давоми як соли охир гузориш медиҳанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






