Соли равон дар Хуҷанд 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида мешавад
ХУҶАНД, 09.01.2017. /АМИТ Ховар/. Шурӯъ аз 10 декабр дар шаҳри Хуҷанд мавсими гулу ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. То ин дам аз ҷониби кормандони Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар маркази вилоят корҳои ҳамворкуниву омоданамоӣ барои шинондани ниҳолҳои сояафкан дар хиёбонҳои асосии шаҳр -Истиқлол, ба номи И. Сомонӣ, кӯчаҳои ба номи С. Полвонов, С. Умарӣ, Бофанда ва Гагарин ба анҷом расонда шудаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулин аз Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дирӯз беш аз 20 нафар кормандон дар майдони ба номи Р. Ҳоҷиев корҳои ҳамворнамоиро идома дода, дар ин минтақа 76 бех ниҳоли навъи арча ва 55 бех ниҳоли навъи санавбар шинониданд.
Ба иттилоъи манбаъ, соли равон тибқи нақшаи идораи Сарраёсати ободонӣ ва сабзазоркунӣ дар мавзеъҳои мухталифи шаҳр шинондани беш аз 3 ҳазор дарахтони сояафкан ва 800 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва ҳамчунин дарахтони намудҳои булут, каталпа, санавбари шарқӣ пешбинӣ гардидааст.