«Созандагони Ватан»-и Хатлон: Эълон гардидани Соли ҷавонон масъулияти ҷавононро меафзояд
ДУШАНБЕ, 26.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрию суҳбатҳо доир мегарданд.
Чанде пеш ин гуна вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи вилоятӣ» -и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов изҳор дошт, ки дар Паёми имсола Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 боварию эътимоди Пешвои миллатро ба насли ҷавони кишвар нишон медиҳад.
«Эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон масъулияти мо, ҷавононро даҳчанд намуда, моро водор месозад, ки дар пешрафти ҷомеа фаъолона суҳм гузорем, то ба боварии Пешвои миллат ва халқи худ сазовор бошем»,-гуфт Орзу Ҳамидов.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






