«Тоҷик Эйр» ба кӯдакони мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 07.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли нави 2017 аз ҳар чиптаи ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» 2 сомонӣ ба суратҳисоби Фонди хайриявии ширкат гузаронида мешавад. Маблағи дар натиҷаи иқдоми мазкур ғуншуда барои кумак ба кӯдакони 12 солае харҷ мегардад, ки мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб мебошанд.
Тавре котиби матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр», Азиз Хайруллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, дастгирии шахсони ниёзманд, бемор ва камбизоат яке аз самтҳои фаъолияти иҷтимоии ширкат аст. Зеро солимӣ, табъи болида ва саводнокии кӯдакон кафолати ояндаи нек аст.
«Ширкати миллии ҳавопаймои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» фаъолияти иҷтимоиашро дар соли нав аз иқдоми «Накӯӣ ҳадя намо!» барои ёрӣ ба кӯдакони то синни 12-солаи мубталои бемориҳои онкологӣ ва қалб оғоз кардааст. Тибқи анъанаи накӯ дар Соли нав одамон ба якдигар туҳфаҳо ҳадя карда, хабари хуш мерасонанд ва бо ҳамин восита табъи дӯстонашонро хуш мегардонанд. Туҳфаи беҳтарин барои ҳар кас солимӣ аст. Мо ба оилаҳое кумак мерасонем, ки ба мо барои харидани доруворӣ муроҷиат мекунанд»,-зикр кард Азиз Хайруллоев.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҶСК «Тоҷик Эйр» мавқеи устувори иҷтимоӣ дошта, ба хонаҳои кӯдакон ва ташкилоти муҳтоҷ мунтазам кумакҳои башардӯстона мерасонад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






