Туркманистон дар Душанбе намоишгоҳи молҳои нассоҷиро барпо менамояд
ДУШАНБЕ, 30.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Туркманистон тасмим гирифтааст, ки моҳи апрел дар Душанбе ярмарка — намоишгоҳи молҳои нассоҷиро баргузор намояд. Чорӣ Атаев, Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки намоишгоҳи мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар баргузор гардида, интизор меравад, ки дар намоишгоҳ беҳтарин маҳсулоти саноати нассоҷии Туркманистон, ки дар бозори байналмилалӣ аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст, ба намоиш ва фурӯш гузошта шаванд.
Ҳамзамон дипломати туркман иттилоъ дод, ки дар оянда дар Тоҷикистон ифтитоҳи Маркази махсусгардонидашудаи тиҷоратӣ аз ҷониби Туркманистон дар назар аст, ки дар он асосан молҳои истеҳсоли ин кишвар, хусусан маҳсулоти нассоҷӣ, ки аз пахта омода карда шудаанд, ба фурӯш гузошта мешаванд. Туркманистон ҳамасола 1 миллион тонна пахта истеҳсол мекунад ва аз лиҳози даромаднокӣ баъди истеҳсоли нафту газ, саноати нассоҷӣ дар ин кишвар зинаи дуюмро касб намудааст. Дар ин росто саноати нассоҷӣ дар Туркманистон яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллии ин кишвар маҳсуб меёбад. Алҳол Туркманистон наздик ба 20 кишвар ҷаҳон, назири Амрико, Россия, Олмон, Швейтсария, Туркия ва дигар давлатҳои дунё маҳсулоти нассоҷӣ содирот менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






