Вакилони Маҷлиси намояндагон барои мулоқот бо интихобкунандагон ба вилоятҳои мамлакат ба сафар мебароянд

Январь 10, 2017 10:01

ДУШАНБЕ, 10.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари корӣ мебароянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Манбаъ зикр кард, ки сафари мазкур тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, то 20 январи соли равон идома меёбад.
«Вакилони Маҷлиси намояндагон давоми 10 рӯз бо интихобкунандагони худ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин оид ба паҳлӯҳои гуногуни қарору қонунҳои қабулгардидаи ин мақоми олии қонунбарор дар давоми як соли охир гузориш медиҳанд», — гуфт М.Султонов.
Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар маҳалҳо бо омӯзгорон, духтурон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мулоқот намуда, дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта мусоидат менамоянд.
Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагони худ дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Январь 10, 2017 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад