ВКД: Занозании ҷавонон як куштаву як маҷрӯҳ барҷой гузошт

Январь 23, 2017 12:25

ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор гардидани ҳодисаи занозании ҷавонон хабар дод, ки дар натиҷаи ин ҳодиса як нафар кушта ва як нафар маҷрӯҳ гардидааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти куштор марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабс шудааст, дастгир карда шуд. Гумонбаршуда ҳамроҳи шарикаш марди 26-солаи сокини дигари шаҳри Душанбе дар кӯчаи Р.Карими ноҳияи Фирдавсӣ бо мардони 24 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе муноқиша ва ҷанҷол мекунанд.
«Зимни муноқиша марди 25-солаи гумонбаршуда бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синаи марди 28-сола ва як маротиба ба қисмати пойи марди 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа, марди 28-сола аз ҷароҳати вазнини бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, марди 24-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Январь 23, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ