Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
ҚӯРҒОНТЕППА, 13.01.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии интихобкунандагон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода ва Дилшод Исматуллоев баргузор гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ- таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вакилон дар вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Паёми мазкур ифодагари дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии 25 соли замони соҳибистиқлолии кишварамон мебошад. Паёми Пешвои миллат ҳадафҳои ояндаи ҷомеаамонро муайян сохтааст.
Баъдан вакилон дар хусуси пешниҳодҳои Сарвари давлат, бахусус Соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 изҳори андеша карда, барои дар сатҳи намунавӣ гузаронидани соли мазкур ба интихобкунандагони хеш барор хостанд.
Ҳамзамон чанд нафар аз интихобкунандагон ба минбар баромада, дастгирии худро аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






