Ясмин Гуедар: «Оромии Тоҷикистон барои фаронсавиҳо бисёр муҳим ба шумор меравад»

Январь 23, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 23.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. 21 январи соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз ВКД хабар доданд, дар вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода хонум Ясмин Гуедарро барои таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъули давлатӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно намуд. Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Франсия аз 3 марти соли 1992 ба роҳ монда шудаанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Ҳамкории мутақобилан судманд дар оянда боз ҳам тақвият ёфта, муборизаи дастаҷамъона бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб самараи дилхоҳ ба бор меорад. Оромии Тоҷикистон барои мо фаронсавиҳо бисёр муҳим ба шумор меравад» — афзуд дар ҷараёни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори давлати Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар.
Тарафайн ҳамчунин атрофи масоили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ ва тарбияи дурусти онҳо ибрози андеша намуданд.

Январь 23, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд