Зиндагӣ дар яке аз сардтарин маконҳои Тоҷикистон — деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб бо маром идома дорад

Январь 14, 2017 09:55

ХОРУҒ, 14.01.2017 /АМИТ Ховар/. Деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб дар чанд соли охир сардтарин рӯзҳои фасли зимистонро сипарӣ мекунад. Сардори истгоҳи обуҳавосанҷии ин мавзеъ Шароб Шаробов мегӯяд, ки назар ба дигар манотиқи кишвар фасли зимистон дар ин ҷо тӯлонӣ ва хеле сард мебошад. Солҳое буданд, ки  ҳарорати ҳаво то 60 дараҷа хунук мешуд, аммо сокинони деҳот ба ин одат кардаанд. Хунукии ҳавои имсола ба 45 дараҷа расидааст.
Бо супориши раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед як гурӯҳи корӣ ба ин деҳа фиристонида шуд, то бо вазъи кору зиндагии мардум аз наздик шинос шаванд ва баъзе аз мушкилоти онҳоро ҳал намоянд. Дар деҳаи Булункӯл  ҳамагӣ 32 хонавода истиқомат доранд, ки аксари онҳо ба чорводорӣ машғул мебошанд. Зеро чор фасли сол чорвояшон дар теппаву кӯҳдоманҳо чаро ва барои худ ғизо пайдо мекунанд. Аммо азбаски имсол ҳама ҷоро барф зер кард, ба берун баровардани чорво низ каме мушкил гашт. Дар сурати идомаи боришот захираи хӯроки чорво камӣ хоҳад кард. Аз ин рӯ бо супориши раиси ВМКБ интиқоли хӯроки чорво аз дигар ноҳияҳо дар назар дошта шудааст.
Ба гуфтаи Шароб Шаробов, яке аз мушкилоти асосии сокинони деҳа дастрасӣ надоштани онҳо ба неруи барқ буд. Бо дастури Пешвои миллат  сокинони деҳа ройгон бо батареяҳои офтобӣ таъмин ва аз тамошои барномаҳои телевизионӣ низ бархурдор гаштанд.

Январь 14, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд