20 феврал-Рӯзи ҷаҳонии адолати иҷтимоӣ. Бунёди ҷомеаи адолатпарвар вазифаи мост
ДУШАНБЕ, 20.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Адолати иҷтимоӣ — ин на танҳо тақозои этикист, балки асоси устувории миллӣ ва рушду осоиштагии мардуми ҷаҳон аст. Имкониятҳои баробар, ҳамраъйӣ ва эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон андозаҳоест, ки барои рушду осоиштагии ҳар миллату давлат хеле муҳим арзёбӣ мешаванд.
Пан Ги Мун
Рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ (World Day of Social Justice) шурӯъ аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 20 феврал дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Давлатҳои аъзои СММ бо тариқи ташкили якчанд чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз, ки баҳри устуворгардонии адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунанд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳарчи бештар ба масоили адолати иҷимоӣ ва амалигардонии он дар тамоми олам ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намоянд. Бинобар гуфтаи ташкилкунандагони ин чорабинӣ ин рӯз бояд баҳри решакан кардани камбизоатӣ миёни аҳолии ҷаҳон, таъмини мардум бо ҷои кори доимӣ, баробарҳуқуқии марду зан ва ҳамчунин бомуваффақият амалӣ кардани адолати иҷтимоӣ баҳри ҳамагон мусоидат намояд. Яке аз ҳуҷҷатҳое, ки ба ин самт равона гардидааст, ин «Эъломия дар бораи адолати иҷтимоӣ дар самти ҷаҳонишавии одилона» ба шумор меравад. Дар ин эъломия бештар ба расидан ба адолати иҷтимоӣ дар самти таъмини доимии аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва доштани ҳуқуқҳои баробар дар самти фаъолияти корӣ такя карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъмини баробарҳуқуқӣ, соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он дар амалисозии адолати иҷтимоӣ ва таъмини он ҳамвора кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Яке аз самтҳое, ки баҳри амалисозии адолати иҷтимоӣ дар кишвар ба роҳ монда шудааст, ин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам овардани шароити хуби корӣ мебошад.
Мутобиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад». Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин моддаи Конститутсия ва истифодаи самараноки захираҳои табиии кишвар ва дар ин замина ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ соли 2016 дар мамлакат 251 коргоҳу корхонаҳои нав бо 9165 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд. Тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар доираи татбиқи чорабиниҳои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» 40 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, умуман аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 114 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд, ки аз ин 56 ҳазор ё худ 49 фоизи он ҷойи кори доимӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат додааст, ки ин амал яке аз роҳҳои татбиқ намудани «Эъломия дар бораи адолати иҷтимоӣ дар самти ҷаҳонишавии одилона»-и СММ мебошад. Тибқи моддаи 41 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шахс дар доираи муқаррароти қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».
Амалисозии ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало эҳсос карда мешавад: «Танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, навсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Фақат соли 2016 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 201 бинои таълимӣ ба маблағи 540 миллион сомонӣ бунёд ва навсозӣ гардида, 39 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Ин раванд дар доираи барномаҳои давлатӣ солҳои минбаъда низ идома ёфта, ба беҳбудии инфрасохтор ва таҳкими пояҳои моддиву техникии соҳаи маориф мусоидат намуд.
То замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло миқдори ин муассисаҳо ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди мо аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд».
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд корҳои арзишмандро анҷом медиҳад.