4 феврал-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории саратон. Табиби тоҷик дар мавзӯи рушди саратоншиносӣ беҳтарин кори илмӣ навиштааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2017. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият ба раванди пешравии ҷавонони эҷодкор роҳи васеъ боз намуд. Дар ҳамин рӯзҳои Соли ҷавонон боз як нафар ҷавонзани эҷодкор, олими соҳаи саратоншиносӣ, донандаи чандин забони хориҷӣ Мунфиза Сайфутдинова дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аввалин шуда, рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя кард. Дар маросими дифои кори номзадии Мунфиза Сайфутдинова дар мавзӯи «Тадқиқи саратони гарданаки бачадон дараҷаи 1» муқарризон аз кишвари Русия- доктори илми тиб Сергей Максимов ва профессор Людмила Крикунова рисолаи номзадии Сайфутдиноваро яке аз беҳтарин кори илмӣ дар рушди саратоншиносӣ арзёбӣ намуданд.
Алҳол Мунфиза Сайфутдинова дар баробари тадқиқоти кори илмӣ боз ҳамчун мудири шуъбаи табобати нурии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ фаъолияти пурмаҳсул дорад.
Дар ин шуъба тамоми намудҳои бемории саратон табобат мешаванд. Шуъбае, ки ӯ сарварӣ мекунад, дар Тоҷикистон ягона буда, барои тамоми аҳолии кишвар хизмат мекунад. Дар ин ҷо бемории саратонро тавассути нуршуоъ табобат карда, омосҳои бадсифатро ба воситаи шуоъҳо месӯзонанд.
Дар як рӯз шуъба метавонад то 60 нафарро қабул карда, бо нур табобат кунад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






