Абдуллоҳи Раҳнамо: «Ташаккули қишри зиёии миллитафаккуру давлатмеҳвар як дастоварди муҳими миллист» (Дар ҳошияи мақолаи С. Фаттоҳзода)

Февраль 21, 2017 15:58

Зиёӣ ва масъулиятпазирии миллӣ

(Чанд ёддошт дар ҳошияи мақолаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!…»)

 

ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мақолаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон С.Фаттоҳзода «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ!…», ки ахиран дар сомонаи АМИТ «Ховар» ба нашр расид, таваҷҷуҳи васеи аҳли андешаро ҷалб намуд. Гарчӣ мавзўи умумии он «таъсири ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги маънавии миллати соҳибтамаддуни мо ва роҳҳои пешгирии таъсири манфии ин омилҳо» унвон шудааст, аммо моҳияти асосии мақола аз муаррифии хусусиятҳои таҷрибаи давлатдории миллӣ, шарҳи бартариятҳои модели муваффақи давлатдории мо, тафсири огоҳона аз авзои печидаи ҷаҳонӣ, ҳушдори ҳушёрона аз хатару таҳдидҳои муосир ба давлату миллат ва даъвати масъулона ба ҳифзи ин дастовардҳо иборат аст. Ин аст, ки нахустин бардошт аз мақола эҳсоси масъулияти як зиёӣ дар баробари сарнавишти давлату миллати худ аст.

Бинобар ин, бо мутолиаи он чанд ёддоште сабт кардам, ки шояд ироаи он барои хонандагон низ мувофиқи мақсад бошад. Бахше аз он ба моҳияту аҳамияти мақола ва бахши дигар ба баррасии нуктаҳои мушаххаси он бахшида шудааст.

 Якум. Вақте як таҷрибаи давлатсозӣ тафсири методологӣ ва ҷамъбасти назариявӣ меёбад, он ба таълимоти комил ва мактаби сиёсию давлатдорӣ табдил мешавад. Силсилаи мақолаҳое, ки моҳҳои охир аз тарафи як зумра олимони шинохтаи ватанӣ ба нашр расид, нишон медиҳад, ки таҷрибаи бунёди давлатсозии мо, ки зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфтааст, инак ба марҳилаи навини худ расида, ба сатҳи як мактаби усулманди давлатдорӣ мегузарад. Ин аст, ки шогирдону пайравони ин мактаб омўзиши илмӣ, тафсири методологӣ ва интиқоли назариявии онро барои насли ҷавону ояндаи миллат ба роҳ гузоштаанд.

Ҳамчун намунаи чунин навиштаҳои масъулона метавон аз мақолаву мусоҳибаҳои донишмандоне, чун Абдуҷаббор Раҳмонзода, Саидмурод Фаттоҳзода, Нуриддин Саид, Саидмуъмин Ятимов, Сайфулло Сафаров, Фарҳод Раҳимӣ, Ҷумъабой Сангинов, Абдураҳмони Муҳаммад, Файзулло Баротзода, Абдурраҳим Холиқзода ва ғайра дар як соли охир ёдовар шуд. Ин гуна навиштаву мусоҳибаҳо моҳиятан маҳсули фикрии сатҳи нав ва насли нави мудирони андешаманде ҳастанд, ки дар онҳо дониш бо таҷриба, дидгоҳ бо тадбир, фарҳанг бо масъулият ва андеша бо қудрат омезиш ёфта, дар хидмати манфиатҳои миллӣ ва тафаккури давлатдорӣ қарор дода шудааст.

Аз рўҳу мазмуни ин навиштаҳо, пеш аз ҳама, як паём эҳсос мешавад: Инак дар ҷомеаи мо насли мудирони соҳибназаре ташаккул меёбад, ки дар мактаби давлатдории Пешвои миллат сабақи шоиста гирифта, ба масъалаҳои ҷомеа ва равандҳои ҷаҳонӣ аз мавқеи давлат, диди манфиатҳои умумимиллӣ ва бо тафаккури давлатмеҳвар менигаранд. Маҳз аз мавқеи давлату давлатдорӣ, ки бисёр фаротару фарогиртар аз мавқеи гурўҳ, ҳизб, идора ва идеология аст.

Расидан ба ин марҳилаи рушди давлатдорӣ ва ташаккули ин сатҳи андеша, бешубҳа, як дастоварди арзишманди миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро вақте як мактаби давлатдорӣ ба марҳилаи тавлиди андешаи худӣ, устувории ҳувиятӣ ва худкифоии зеҳнӣ мерасад, мактаби пойдору мондагор хоҳад буд.

 Дуюм. Таъкид бар аҳамияти ташаккули муаллифон ва маводи насли нав беҳуда нест. Зеро таҳлили маводи расонаҳои ватанӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки ташаккули як насли зиёии миллӣ, ки ҷаҳонбинии муътадил, саводу таҷрибаи сохторӣ ва тафаккури давлатмеҳвар дошта бошанд, на танҳо як мавзўи фарҳангӣ, балки як масъалаи сиёсӣ, таърихӣ ва давлатии мост. Чун дар ҷомеа ва расонаҳои мо то имрўз тасаввури ғалате аз симо ва рисолати зиёӣ роиҷ будааст.

Дар ин дидгоҳи бепоя зиёӣ ҳамчун шахси хаёлпарвари романтикӣ тасаввур мешуд, ки бо ҳама гуна назму тартиб дар мухолифати дарвешгунаву анархистӣ қарор дорад. Ё зиёӣ асосан дар ташкилоти ғайриҳукуматӣ фаъолият карда, бо гранту гонорарҳои хориҷӣ дар ҳамоишҳои интиқодӣ ҳузур ёфта, бо расонаҳои хориҷӣ мусоҳиба ороста, пеши онон аз давлату миллати худ шикоят мебарад. Дар ин тасаввур зиёӣ на танҳо аз низоми идорию давлатӣ берун аст, балки ҳатман нигоҳи интиқодӣ, мавқеи норозӣ ва рўҳи мубориза бо давлатро дорад. Ин гуна зиёӣ аз як сў, ҳуқуқи бемаҳдуди гуфтану изҳори назар мехоҳад, аммо аз сўи дигар, дар баробари ҷомеа, давлат ва миллати худ ҳеҷ масъулияти иҷтимоӣ ва иҷроӣ надорад…

Бо зикри номи баъзе аз муаллифону андешамандони наслу сатҳи нав мехостам нишон диҳам, ки хушбахтона, ҷомеаи мо аз он фаҳмиши харобиовари мафҳуми зиёӣ ва аз доштани зиёии масъулиятгурез тақрибан гузаштааст. Инак мо насли нави соҳибназаронеро дорем, ки онҳо рисолати фикрӣ ва масъулияти хидмати амалӣ дар низоми давлатдории миллиро дар ҳам ҷамъ овардаанд. Ин насл дигар зиёии хаёлпарвари марказгурезу айбҷў нест, балки ҳам арзишҳои миллию ҷамъиятӣ меофарад ва ҳам дар татбиқи он саҳм мегузорад. Ин насли зиёӣ дигар худро аз давлат ҷудо гузошта, ифтихори худро дар накўҳиши давлат намебинад, балки худро бахше аз миллат ва бахше аз давлат шинохта, рисолати худро дар хидматгузории амалӣ ба арзишҳо ва ормонҳои миллӣ мебинад. Ин насл акнун зиёии як гурўҳ,  як идеология ва як тараф нест, балки ин насл зиёии миллат, зиёии кишвар ва зиёии давлат аст. Фарқи асосии ин насл бо камоли масъулият аз нигоҳи манфиатҳои умумимиллӣ, аз диди маслиҳати ҳамагонӣ ва аз мавқеи давлатӣ нигаристан ба ҷомеа ва масъалаҳои он аст.

Ин модели зиёиён дар таърихи мо ҳамеша рисолати бузург доштааст. Мисоли рўшани он корномаи устодон Айнию Турсунзода буд, ки маҳз бо давлат қарор доштанд ва аз ҳамон ҷойгоҳ хидмати бузургеро барои миллат анҷом доданд. Хидмати беназиреро, ки сарнавишти таърихии миллати моро таъмин намуд. Бинобар ин, агар ин бузургмардон низ мўй то шонаҳо сар дода, давлатбезорӣ пеша карда, аз масъулияти воқеии миллатдорию миллатсозӣ канор мерафтанд, сарнавишти таърихии мо чӣ мешуд?…

Пас, дар фароварди ин андеша таъкид ба ду нуктаи ҷиддӣ зарур аст:

1.Бешубҳа, оғози ташаккули қишри зиёии муътадил, масъулиятпазир, миллитафаккур ва давлатмеҳвар як дастоварди бузурги миллии мо мебошад. Мавҷудияти чунин насл кафолати устувории ваҳдати миллӣ, кафолати ҳимояти давлатии арзишҳои миллӣ ва кафолати пайванди ҳувиятии миллат ва давлат аст. Ин гуна зиёӣ дигар маҷнуни хиёбон ва ё коғазхўри утоқии дарбор нест, балки дар шароити давлати миллӣ мафҳуми қолабии «дарбор» аз миён рафта, тамоми арсаи кишвар дарбори давлати миллист ва ҳар шаҳрванди ватан соҳиби ин давлат аст. Ва ин гуна зиёӣ забон ва виҷдони ҳамин миллати соҳибдавлат ва посдори арзишҳо ва манфиатҳои он мебошад. Ў бар мушкилоти миллат наменолад, балки мушкилоти миллатро бо дониш ташхис ва бо тадбиру мудирият дармон мекунад.

  1. Имрўз, ки пас аз садсолаҳои маҳрумият мо дубора давлати худро аз даҳони гурги таърих берун овардем, бо ин давлат ва дар канори ин давлат будан вазифаи ҳар зиёии асили миллист. Дар чунин марҳилаи таърихӣ дурӣ аз давлат, дурӣ аз масъулияти миллӣ ва фақат ба айбҷўӣ хулоса кардани зиёигарии худ дигар на танҳо зиёӣ будан нест, балки дақиқан, маънои бехабар будан аз рисолати зиёии асилро мегирад. Ҳоло сухан фақат аз ҳукумат нест, балки аз давлат аст…

Пас, имрўз соати имтиҳони таърих аст: имтиҳон аз ин, ки дар чунин марҳилаи тақдирсоз чи касе дар паҳлўи давлати миллӣ истод, чи касе зери парчами ватан саф кашид, чи касе бо давлату миллат буд. Баҳои ин имтиҳонро ҳар яки мо аз устоди одилу сахтгире хоҳем гирифт, ки номи бузурги он Таърих аст! Ҳамон гуна, ки бо гузашти ҳазор сол рўҳониёни Сомониёнро барои танҳо гузоштани давлати миллӣ намебахшем, ҳамон гуна, ки бо гузашти сад сол, ҷадидони пантуркистро барои хиёнат ба ормонҳои миллӣ маҳкум мекунем, мабодо, ки бо хаёли зиёии «озодандеш» шудан мо низ доғи таърихи ин миллат шавем. Пас, имрўз лаҳзаи интихоби таърихии ҳар зиёист…

Ин аст, ки мақолаи зикршудаи С.Фаттоҳзода ва навиштаҳои ҳамсамти он маҳз ҳамин сатҳи тафаккур ва маҳз ҳамин насли мудирони андешаманду зиёии миллии моро муаррифӣ мекунад. Зиёие бо дидгоҳи умумимиллӣ, зиёие бо мавқеи давлатмеҳвар, зиёие бо ҳисси масъулият дар баробари сарнавишти мардум ва давлат… Зиёие бо давлат, дар давлат, аз давлат…

 Сеюм. Нуктаи аввал ва дуюм дар боби рўҳия ва аҳамияти мақола ва навиштаҳои ҳамсангу ҳамсони он буд. Аммо барои он, ки сухан бепоя набошад, беҳтар аст ба нуктаҳои мушаххасе аз худи мақола низ ишора шавад. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ин навишта ба миён мегузорад, маҳз дарки фарогири хатару таҳдидҳои муосир аст. Яъне, муаллиф ҳамчун зиёии масъулиятшиносу давлатмеҳвар ба мушкилот аз диди ин ё он доираи маҳдуди идеологӣ нанигариста, ҳамзамон маҷмӯи таҳдидҳоро мавриди таҳлил қарор медиҳад. С.Фаттоҳзода бо таассуф қайд мекунад, ки «ҳанўз ҳам дар мо қувваҳое ҷой доранд, ки мехоҳанд идеологияи маҳдуди худро, ки бар манфиатҳои гурўҳиашон асос ёфтааст, бидуни эътирофи назару андеша ва ҷаҳоншиносии аз эшон фарқкунанда, ба мардум иҷборан таҳмил намоянд. Маърифати сиёсии гурўҳҳои мазкур хеле маҳдуд буда, дар муносибат бо ҷомеа на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд». Зикри ҷой доштани чунин гурўҳҳо ва хатари онҳо дар афкори сиёсии муосири мо сухани маъмулист. Илова бар ин, бештари муаллифон вақте намунаи амалии чунин қувваҳоро ном мебаранд, ҳатман гурўҳи ҷаҳоншиносияш аз худашон фарқкунандаро ном бурда, худ дар мавқеи гурўҳи инкоркунанда қарор мегиранд. Ин гуна муаллифон дарк намекунанд, ки бо гирифтани мавқеи маҳдуди гурўҳӣ ва инкори андешаи дигар, фазои ҷамъиятиро ба майдони набарди гурўҳакӣ табдил дода, худ низ ба як таҳдиди дигар ба ҷомеа ва суботи давлат табдил мешаванд.

Аммо фарқияти асосии мавқеи С.Фаттоҳзода дар ин мақола дар он аст, ки ў аз дидгоҳи масъулонаи миллӣ ва давлатӣ ҳамаи ин гунаҳои ҷаҳонбинии яксўяи маҳдудгароро дар як саф қарор медиҳад. Ў дар ин бора ба таври дақиқ мегўяд:

« Одатан се навъи ин гурўҳҳо дар ҷомеаи мо ба назар мерасанд:

Ҷонибдорони ақоиде, ки ба исломи радикалӣ қаробати бештаре доранд. Ин гурўҳҳо муқобили арзишу дастовардҳо, пояҳои ахлоқии ҷомеаи муосир, илму маориф, технологияи пешрафта буда, баробарии ҳуқуқи марду занро дар ҷомеа эътироф намекунанд.

Ҷонибдорони ақоиди атеизми ҷанговар. Ин гурўҳҳо баръакс, дину мазҳабро иллати асосии ақибмонии ҷомеа талаққӣ намуда, муқобили ҳама гуна таълимоти динӣ қарор доранд

Ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ. Тарафдорони ин равия арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оини аҷдодӣ, арзишҳои суннатии оиладорӣ ва сарҳади ахлоқро инкор мекунанд».

Дар ҳақиқат имрўз доираҳои баршумурдаи С.Фаттоҳзода, яъне «ҷонибдорони исломи радикалӣ», «ҷонибдорони атеизми ҷанговар» ва «ҷонибдорони сиёсати арзишҳои либералӣ» навъе секунҷаи таҳдидиеро ба вуҷуд овардаанд, ки метавонад ҳамчун «Секунҷаи Бермуд» киштии давлату миллати моро ба гирдоби нестӣ фурў барад. Гарчӣ ҳар яке аз ин дидгоҳҳо зоҳиран ном ва низоми арзишии гуногун доранд, аммо моҳияти ҳар сеи онҳо комилан монанд, балки ягона аст. Моҳияти ҳар сеи ин дидгоҳҳо инкори дидгоҳҳои дигар, муборизаи оштинопазир бо андешаҳои ғайр ва хусусан, инкори арзишҳои асили миллӣ ва манфиатҳои асили давлатии мо мебошад.

Дар бораи муносибати онҳо бо арзишҳои миллӣ ва тамаддуни бузурги таърихию маънавии тоҷикон бояд гуфт, ки ҳам «исломгароии радикалӣ», ҳам «атеизми ҷанговар» ва ҳам «либерализми ифротӣ» моҳияти фарҳангсўзу миллатситез дошта, пояҳои ҳувияти миллӣ, таҳаммули ҷамъиятӣ ва суботи сиёсиро аз байн мебаранд. Оқибати  рушди ҳар се намуди ин бинишҳо урёнии арзишӣ, беҳувиятии миллӣ ва бесуботии сиёсист. Пас, аз назари таҳдиду хатар ба арзишҳои миллӣ ва устувории давлатдорӣ ин се намудаи салафигарӣ хатари яксон доранд. Ин аст, ки нишон додани ҳамин умумияти ин дидгоҳҳо ва дар якҷоягӣ ба миён гузошта шудани хатари ин бинишҳои танг яке аз ҷанбаҳои қавии мақолаи С.Фаттоҳзода мебошад.

Бале, ному омилу таъсири ҳодисаҳое чун заминҷунбӣ, обхезӣ, сўхтор, сел ва тармафароӣ гуногун аст, вале маъмулан, мо ҳамаи онҳоро бо мафҳуми ягонаи «офатҳо» ифода мекунем, зеро натиҷаи ҳамаи онҳо яксон аст: харобӣ ва нобудӣ. Ин аст масали ҳаммоҳиятии «исломгароии радикалӣ», «атеизми ҷанговар» ва «либерализми ифротӣ».

Ин навъи нигоҳ ва ин сатҳи таҳлил бори дигар гуфтаҳои болоро дар бораи ташаккули қишри нави муаллифони дорои мавқеи фарогурўҳӣ, фароидеологӣ ва давлатмеҳвар собит мекунад. Ин мавқеъ таҷаллии назариявии мактаби амалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бар пояи арзишҳо ва мафҳумҳои умумимиллӣ ташаккул ёфта, моҳияти ваҳдатсозу муттаҳидкунанда дорад. Бинобар ин, муаллиф дуруст ҷамъбаст мекунад, ки «ҳамин гуна як идеологияи фарогири сиёсӣ, ки омили муттаҳидкунанда ва ҳамгироии миллати мост, дар тамоми суханрониҳои сиёсии Роҳбари давлати мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшан ба назар мерасад ва зарурат ба ихтироъ ва таҷдиди он нест».

Чунин мавқеи давлатмеҳвару ваҳдатсозро Пешвои муҳтарами миллат дар тамоми тўли фаъолияти худ пайгирӣ намудаанд, ки барои исботи он як иқтибос аз суханронии таърихии эшон ҳанўз дар соли 1997 кофист: «Давлати мо давлати дунявист, аз ин рў, на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на муътақидони ягон шакли  дигари ақоиду афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба  хотири густариши режими сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятиро сарфи назар намоянд».

 Чорум. Масъалаи калидии дигаре, ки мақола ба миён гузоштааст, арзёбии таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди давлати дунявӣ ва зарурати ҳифзу такмили он дар замони муосир аст. Пас аз баррасии маҷмӯаи хатару таҳдидҳо, муаллиф мақолаи худро бо ин андеша ҷамъбаст мекунад: «Дар шароити мо ягона роҳи дуруст, ки метавонад оромиву амнияти ҷомеаро таъмин намояд, ин таҳкими пояҳои давлатдории дунявист, ки дар он… ҳеҷ гоҳ ба ягон дин, мазҳаб ва ҷараён тарҷеҳ дода намешавад. Танҳо дар низоми дунявӣ баробарии дину мазҳабҳо ва ё дигар ҷараёнҳо таъмин гардида, шаҳрвандон дар интихоби худ озоданд ва дар ҳоли таҳдид накардан ба амнияти давлатӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон, давлат онҳоро зери ҳимояи худ қарор медиҳад».

Мақсади таъкиди мо бар ин масъала дар он аст, ки равандҳои муосири ҷаҳонӣ, хусусан, ҳодисаҳои мураккабу хунбори Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик бори дигар то чӣ ҳад муҳим будани масъалаи интихоби дурусти модели давлатдорӣ дар кишварҳои мусулмоннишинро нишон медиҳад. Баҳсҳои назариявӣ дар атрофи  масъалаи ҷойгоҳи давлат дар ислом мавзўи печида ва бисёр тахассусӣ буда, ин ҷо ба он намепардозем. Аммо ҷанбаи амалии масъала дар замони муосир як мавзўи таҷрибашудаест, ки метавон аз он ёдовар шуд.

Таҳқиқ нишон медиҳад, ки имрўз аз миёни 55 кишвари мусулмоннишин, беш аз 50 кишвари он дорои ҷомеаҳои чанддинӣ, чандмазҳабӣ ва чандфикрӣ ҳастанд. Яъне, дар ҳамаи онҳо фоизи муайяни намояндагони динҳои гуногун ва равияҳои мухталифи мазҳабҳои исломӣ зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, вақте ин ё он гурўҳи динӣ дар як ҷомеа давлати идеологӣ бунёд карданӣ мешавад, давлати он гурўҳ маҳз дар доираи таълимот ва фаҳмиши динии худи ин гурўҳ бунёд мегардад. Аз сабабе, ки ҳар як мазҳаб ва равияи исломӣ масъалаҳои ҷиддитарини ақидатӣ ва ҷамъиятиро ба таври гуногун мефаҳмад, дар амалия ҳатман давлати як тарзи фаҳмиши дин ҳосил мешавад, ки ҳатто намояндагони мазҳабу равияҳои дигари исломӣ аз доираи он берун мемонанд. Ҳамин тавр, онҳо ногузир ба мухолифони давлати мазҳаби ҳоким табдил мешаванд.

Агар ба назар гирем, ки имрўз дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин намояндагони дину мазҳабу дидгоҳҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, пас барқарории давлатҳои идеологии як фаҳмиши дин боиси ба гирдоби низоъҳои байнимазҳабӣ фурў рафтани ҷаҳони ислом мегардад. Ин вазъият бори дигар бартарии давлатдории дунявиро дар ҷомеаҳои мусулмоннишин исбот менамояд. Зеро маҳз давлати дунявии ҳуқуқбунёд имкон медиҳад, ки давлат ихтилофҳои ақидатию мазҳабиро берун аз фазои муборизаҳои сиёсӣ ва қудратӣ нигоҳ дошта, шароити зарурӣ барои фаъолият ва ҳамзистии онҳоро таъмин намояд.

Бинобар ин, дар шароити имрўзи олами ислом, бори дигар коромадии модели давлати дунявӣ ҳамчун роҳи амалии аз гирдоби ихтилоф наҷот ёфтани ҷомеаҳои мусулмоннишин ва ҳамчун кафолати ҳифзи суботу амнияти онҳо исбот мегардад. Хусусан модели тоҷикии давлати дунявӣ, ки моҳияти идеологӣ надошта, ҳамчун низоми ҳуқуқии танзими робитаҳои дину давлат ва ҳуқуқҳои динии шаҳрвандон татбиқ мешавад. Бо ин мулоҳизаҳо метавон хулоса намуд, ки таърих бори дигар дурустии интихоби низоми давлатдорӣ дар Тоҷикистон, яъне бунёди давлати дунявии демократиро исбот намудааст.

 Панҷум. Чун муаллиф мақолаи худро ҳамчун муовини якуми Раиси ҲХДТ ба ҷомеа пешниҳод намудааст, он ба дидгоҳ ва мавқеи ин ҳизби сиёсӣ низ тааллуқ мегирад. Нашри мақола бо чунин дидгоҳҳо аз тарафи муовини якуми Раиси ҳизб бори дигар нишон медиҳад, ки худи ҲХДТ низ ҳамчун як қувваи таъсиргузори ҷомеа дар ҳоли рушди доимӣ буда, мактаби фикрии он низ дар ҳоли такмилёбист.

Дар ҳақиқат, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон яке аз неруҳои асосии сиёсию ҷамъиятии кишвар буда, зарфият ва имкониятҳои васеи зеҳнӣ, идорӣ ва амалӣ дорад. Он ҳамчун неруи пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои фарҳанги сиёсӣ дар Тоҷикистон нақши асосӣ доштааст. Аммо, ҳатто то панҷ сол пештар коршиносон эҳсос мекарданд, ки ҳизби мо бо ҳама дастовардҳои худ, ҳанўз бо ду масъала рўбарў буд:

  1. Мактаби фикрии ҳизб дар ҳоли таҳаввул буда, ҳанўз аз таъсири арзишу равишҳои идеологии гузашта пурра озод нашуда буд. Аз ин рў, гоҳо мавқеи факрии он моҳияти маҳдудтари идеологӣ мегирифт.
  2. Дар ҳоле, ки фаъолияти Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз хеле пештар ба мактаби фарогири ваҳдатсозию давлатдорӣ табдил шуда, эътирофи умумимиллӣ ва байналмилалӣ ёфта буд, аммо ба ҳизб муяссар нагашта буд, ки ҳамқадамии комил бо онро дар сатҳи як ҳизби умумимиллӣ таъмин намояд. Яъне, гоҳо гумон мерафт, ки дар тарзи фаҳмиши масъалаҳои миллию давлатӣ ҳизб аз пешвои худ андаке қафо мемонад.

Аммо солҳои охир ҲХДТ ҷойгоҳи сазовори сиёсӣ ва ҷамъиятии худро дарёфта, на танҳо ба ҳизби аксарияти миқдорӣ, балки ба ҳизби пешсафи фикрию идеявии ҷомеа низ табдил шуд. Ҳоло он зери роҳбарии Пешвои миллат ба сатҳи неруи муттаҳидкунандаи тамоми қишрҳои мардум расида, шабакаи умумимиллии ваҳдату ҳамдилӣ дар атрофи давлатдории миллиро ба вуҷуд овардааст. Аз назари мактаби фикрӣ ва идеологӣ низ ҳизб ба чорчўбаҳои маҳдуди идеологияҳои кўҳна пойбанд набуда, арзишҳое, чун ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ваҳдати умумимиллӣ ва тарбияи ватандўстии аҳолиро асоси фаъолияти худ қарор додааст. Ҳамин тавр, агар аз назари ҳизбшиносии классикӣ гирем, имрўз ҲХДТ амалан неруе фаротар аз як «ҳизби сиёсӣ» буда, зери роҳбарии Пешвои миллат ба меҳвари ваҳдати умумимиллӣ табдил шудааст. Мақолаи таҳлилии муовини якуми Раиси ҳизб низ байнгари ба мактаби ваҳдатсозию давлатдории Пешвои миллат ҳамқадам гаштани мавқеъ ва дидгоҳи ҲХДТ мебошад. Бешубҳа, чунин камолоти назариявӣ ва балоғати сиёсии ҳизби пешбарандаи ҷомеа омили муҳими пойдории ваҳдату суботу амнияти кишвар аст.

 Шашум. Ва ниҳоят, мақолаи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ!» боз як силсила масъалаҳои усулиро ба миён мегузорад, ки бегумон дар доираҳои илмию ҳизбию сиёсӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Аммо чун дар афкори умумӣ гоҳо аз таҳлили осори муаллифони зиндаву муосир дар ҳайрат мешаванд, мехостам ин нукта низ илова шавад, ки гарчӣ бо муҳтарам С.Фаттоҳзода солҳои тўлонӣ дар як низоми сиёсӣ кор кардем ва гарчӣ эшон шахсияти шинохтаи кишваранд, аммо бо амри тақдир, ба ҷуз саломҳои эҳтиромӣ, банда ин муаллифи муҳтарамро ҳаргиз аз наздик бо суҳбат надидаам. Аксари муаллифони дигари номбурда дар ин ёддоштро низ ба сурати шахсӣ ва муфассал намешиносам. Пас, умедворам, дуруст дарк шавад, ки мавзўи ин ёддошт на муаллифон, балки навиштаҳои арзишманди эшон аст. Мо Фирдавсию Мавлавию Саъдиро низ шахсан намешиносем, аммо осори онҳоро бо ҳуқуқи комил таҳлилу баррасӣ менамоем. Зеро маводе, ки нашр ва дастраси ҳамагон мешавад, дигар ба ҷамъият ва ба миллат тааллуқ дорад…

Аз ин рў, вақте мақолаи С.Фаттоҳзода аз сомонаи АМИТ «Ховар» дастрас шуд, аз мазмуни фарогири он ба андеша фурў рафта, ин нуктаҳоро ёддошт кардам. Зеро чунин мақолаву навиштаҳо, чунин дидгоҳи муътадили умумимиллӣ, чунин мавқеи огоҳонаи давлатмеҳвар, чунин масъалагузории масъулона ва чунин хулосаҳои воқеъбинона дар ҳақиқат, бисёр муҳим ва қобили таваҷҷуҳи ҷиддиянд. Ин навъи нигоҳ ва ин сатҳи тафаккур пояи устувори ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатии мост. Ва муаллифони чунин навиштаҳо низ бешак, қобили эҳтироми амиқу сипосгузории самимона мебошанд.

 

Абдуллоҳи РАҲНАМО,

сиёсатшинос

Февраль 21, 2017 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид