Афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар Сарбанд
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Сарбанд дар моҳи январи соли равон ба маблағи 19,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 107,4%-ро ташкил дод.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар таъмини истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми корхонаҳои Неругоҳи барқи обии Сарбанд, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд», «Рамзи Ваҳдат», «Сафарӣ», «Равғани Сарбанд», «Гранит П» ва «Мадад» назаррас аст.