Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти алоқа ва Маркази миллии қонунгузорӣ хабарнигоронро ба нишасти матбуотӣ даъват мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ Ховар/. Пагоҳ, 2 феврали соли 2017 Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Роҳбарони сохторҳои мазкур омодаанд, ки ба суолҳои хабарнигорони ВАО оид ба дастоварду камбудиҳои фаъолияташон дар соли 2016 посух бигӯянд.
Хотиррасон менамоем, ки нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 10-00 дар толори Агентии мазкур, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон соати 11-00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар бинои Маркази миллии қонунгузорӣ, воқеъ дар кӯчаи академик А.Адҳамов, №13 баргузор мегарданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






