Агентии обуҳавошиносӣ: «Рӯзҳои наздик дар роҳҳои мошингард хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад»
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа дар назар дошта шудааст. Дар ағбаҳои кўҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои кўҳӣ фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Бинобар он, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра аз сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сафар кардан тавассути минтақаҳои кӯҳию осебпазир худдорӣ намуда, ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёт тавассути роҳҳои кўҳӣ ва ағбаҳо маҳдуд карда шавад.
Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим вуҷуд дорад.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






