Ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 15-16 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати Ҷумҳурии Туркияро муовини Сарвазири ин кишвар Йлдирим Туғрул роҳбарӣ намуданд.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ муҳокима гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки Туркия дар даҳ соли охир дар самти ислоҳоти иқтисодиёт ва рушди саноат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, ба содиркунандаи азими молу маҳсулот табдил ёфтааст. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар заминаи принсипҳои шарикии ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд асос ёфтааст. Роҳбарони ҳайатҳои ҳарду ҷониб аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, хизматрасонии фармоишӣ, бонкдорӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ, танзими техникӣ, стандартизатсия, меҳнат, тандурустӣ ва маориф таъкид доштанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин татбиқи Протоколи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркияро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки 29-30 ноябри соли 2012 дар шаҳри Анқара баргузор гардида буд, баррасӣ намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа Протоколи ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба имзо расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






