Аловиддин Сатторӣ: «Ба зарардидагони офатҳои табиӣ ёрии молиявӣ расонида шуд»
ДУШАНБЕ, 06.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Тоҷикисуғурта» дар баробари татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи суғуртаи давлатӣ, инчунин дар амалӣ намудани тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳдошти ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаку дастгириҳои моддии сокинони кишвар дар ҳолатҳои номусоид равона гардидаанд, бо дарки масъулияти баланд муносибат менамояд. Корхона ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки 12-14 майи соли 2016 ба вуқӯъ омад, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаҳои суғуртавӣ ёрии молиявӣ расонид. Дар ин бора Аловиддин Сатторӣ, Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Ба ғайр аз ин КВД «Тоҷиксуғурта» мувофиқи шартномаҳои суғуртавӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ашт, Айнӣ, Нуробод, Шаҳристон, Файзобод, Варзоб, Дарвоз, Рашт ва шаҳри Ваҳдат кумакҳои пулӣ пардохт намуда, аз ҳисоби фоидаи софи филиалҳои шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ба аҳолии аз офатҳои табии зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мазкур маводи ғизоӣ дастрас намуд»,-иброз дошт Аловиддин Сатторӣ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






