Ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Йилдирим Туғрул Туркеш баррасӣ гардид

Февраль 16, 2017 14:40

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Йилдирим Туғрул Туркеш мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои марбут ба рўзномаи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодиро муҳокима намуда, муҳимияти баргузории онро дар рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика ва нақлиёт таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Февраль 16, 2017 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид