Ҳамкории Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир рушд меёбад

Февраль 13, 2017 10:51

ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Чумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ Питер Фернандес Карди баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳоти кишоварзӣ, саноат, гидроэнергетика, сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир баён доштанд.

Февраль 13, 2017 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ