Анҷоми Лоиҳаи кумакҳои бебозгашт дар Маркази илмӣ-ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои Тоҷикистон

Февраль 17, 2017 15:50

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои шуъбаи педиатрии Маркази илмӣ-ҷумҳуравии ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон» 16 феврали соли 2017 дар Душанбе баргузор гардид.
Тавре ки аз Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маросим бо мақсади муваффақона иҷро шудани лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар доираи «Барномаи кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP)» доир гардид. Дар маросим роҳбари бахши ҳамкории иқтисодии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тиэ Тамура ва роҳбари марказ Ҷумъахон Муродов иштирок намуданд.
Ба Маркази илмӣ-ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳо дар Тоҷикистон барои тадбиқи лоиҳа 87,454 доллари ИМА ҷудо карда шуд. Марказ дар пойтахти шаҳр ҷойгир буда, ҳар сол беш аз 4 ҳазор нафар аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон аз хизматрасонии ин марказ истифода мебаранд.
Қабл аз татбиқи лоиҳа, Маркази ҷарроҳӣ ба таҷҳизоти зарурии тиббӣ ниёз дошта, аксари таҷҳизот баъди беш аз 30 соли истифода хеле фарсуда гашта буданд. Бо анҷоми бобарори лоиҳа, Маркази мазкур бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла эхокардиограф, мониторинг барои санҷиши дил, коагулятор, дефибрилатор бо монитор ва ҳоказо муҷаҳҳаз гардид.
Тиэ Тамура гуфт, ки лоиҳаҳои бахши аъзами аҳолӣ нишонаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Ҷопонанд. Ҷумъахон Муродов барои фароҳам сохтани муҳити хуб барои беморон ва кормандони беморхона миннатдорӣ баён намуд. Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кумаки хешро идома диҳад.

Февраль 17, 2017 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд