Қарор дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ
ДУШАНБЕ,01.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран қарор дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳоро қабул кард.
Тибқи ин қарор Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар муддати як моҳ бақияи маблағҳои ба ҳолати 1 январи соли 2017 истифоданашудаи суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунандаи ба андозаи 1,4 фоиз равонагардидаро, ки аз арзиши як роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили кишвар зиёд аст, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баргардонанд.
Қарори мазкур аз 1 январи соли равон мавриди амал қарор дода шудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






