Ҳашишро дар дохили фатир ба муассисаи ислоҳӣ интиқол доданд

Февраль 15, 2017 12:09

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Cуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Галуев Зайниддин Ҷумахонович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Фархор бо айбдорӣ бо моддаи 200, қисми 3 бандҳои «а,д» ва Ғаниев Дарёдил Имомҷонович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Бохтар бо моддаи 32 қисми 3-201 қисми 3 бандҳои «в,д»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Айбдоршавандаҳо қаблан суд шуда бошанд ҳам, ба хулосаи зарурӣ наомада, боз даст ба ҷиноят задаанд.
Д.Ғаниев охирҳои моҳи ноябри соли 2015 аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрванд Зайниддин Галуев, ки қаблан дар муассисаи ислоҳии мазкур якҷоя адои ҷазо менамуданд, ба воситаи телефон хоҳиш намудааст, ки ба муассисаи ислоҳӣ воситаи нашъадори навъи «Ҳашиш» -ро барои истеъмол интиқол диҳад.
чазоБо супориши Д.Ғаниев ҳамсараш ба ноҳияи Фархор ба назди З.Галуев рафта, як халтаи полиэтилении рангаш сиёҳи печонидашударо гирифта, ба ноҳияи Ёвон бармегардад. Аз дохили он 9 адад бастаро бароварда, онҳоро бо дока печонида, дар дохили хамир ҷой карда, ду дона фатири хонагӣ пухта, бо либосҳои зимистонаи шавҳараш дастовез намудааст.
Сипас ба воситаи ронандаи мошини мусофиркаши Ёвон — Душанбе Қурбонов Ризошоҳ Зувайдович ба шаҳри Душанбе равон кардааст, ки дар маҳаллаи 46- и пойтахт онро хешовандони маҳкумшудаи дигар гирифта, ба утоқи қабули дастовезҳои муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда месупоранд. Ҳангоми аз назар гузаронидани дастовез аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ аз дохили ду фатир маводи нашъадори навъи ҳашиш, ки мебоист ба маҳкумшуда Д.Ғаниев дастрас мешуд, дарёфт ва мусодира гардиданд.
Бо ҳукми суд ба ҳар ду ҷинояткор- Ғаниев Дарёдил Имомҷонович ва Галуев Зайниддин Ҷумахонович ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин гардид.

Февраль 15, 2017 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд