Ҷавонон неруи созандаи кишвар мебошанд
ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон неруи созандаи кишвар»-таҳти чунин унвон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур семинари машваратӣ баргузор шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур З. Гулаҳмадов зикр намуд, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як иқдоми воқеан ҳам саривақтӣ дар самти тарбияи шахсияти ҷавонон мебошад. Ҷавонони мо дар ин сол метавонанд худро ба ҷомеа хубтар муаррифӣ карда, ҳамқадами замона будани худро нишон диҳанд. Президенти кишвар бештар ба ҷавонон такя карда, онҳоро созандагони Ватан, неруи созанда, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ном мебарад.
Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода зикр кард, ки эълон гардидани соли 2017 чун Соли ҷавонон ҳар як ҷавонро водор месозад, ки ба манфиати ҷомеа кори некро ба анҷом расонад. Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба масъалаи тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон дахл карда, дар ҳар як суханронӣ пайваста ба мо, ҷавонон омӯзиши илму маърифатро таъкид менамоянд. Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






