Ҷавонони Тоҷикистон неруи созанда ва ободгари кишвар мебошанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид.
Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 баррасӣ гардид.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки ҷавонон дар ин сол имконияти боз ҳам бештари ба ҷомеа хубтар муаррифӣ кардани худро пайдо намуда, метавонанд ҳамқадами замона мебошанд. Ҷавонони Тоҷикистон неруи созанда ва ободгари кишвар мебошанд ва ҳар яки онҳо масъуланд, ки ба манфиати ҷомеа кори некеро ба анҷом расонанд.
Зикр гардид, ки ҷавонони кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб дарк кунанд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Шиори ҷавонони шаҳри Ваҳдат «Мо — ҷавонони шаҳри Ваҳдат бо Пешвои миллат будем, ҳастем ва мемонем!» мебошад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






