«Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» дар намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо-2017» соҳиби медали тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизои «Продэкспо-2017» озмуни байналхалқии «Маҳсулоти беҳтарин-2017» доир гардид, ки дар он аз байни 105 ширкат маҳсулоти ҶСП «Евроазия-2005»- обҳои ташнашикани «Ҳавотоғ» ва «Лимонад №1» беҳтарин дониста шуда, ғолиби озмун ва соҳиби медали тилло шуданд. 24-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоии «Продэкспо-2017» аз 6 то 10 феврал дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид,
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар намоишгоҳи мазкур бо роҳбарии масъулини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баробари зиёда аз 2000 ширкат аз 57 давлати дунё, намояндагони корхонаҳои ҶДММ «Нурфуд» ва ҶДММ «Оро Исфара»,ҶДММ «Абрикос и К»,ҶСП «Евроазия-2005», ҶДММ «Сахо и К», ҶДММ «Роҳи сомон» ва ҶДММ «Тавҳид ва компания» бо пешниҳоди молу маҳсулоташон ширкат варзиданд.
Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳ аз барпо намудани робитаҳои судманд байни давлатҳо, тақвияти рушди устувори иқтисодиёт, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи нав ва дар ин замина ташкил намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки ба зиёд шудани гардиши тиҷорати берунӣ ва рушди иқтидори содиротии вилоят мусоидат менамоянд, иборат буд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






