Ба 96 нафар донишҷӯёни ятим ва маъюб кумакпулӣ дода мешавад
ДУШАНБЕ, 01.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Расонидани кумакпулии яквақтаина ба 96 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва маъюби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар пленуми чоруми Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар кори пленум беш аз 40 нафар аъзои раёсати он аз тамоми шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар иштирок ва як зумра масъалаҳоро баррасӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои муҳим- ин додани кумакпулӣ ба донишҷӯёни ятим буд, ки аз ҷониби раёсат ва аъзои пленум тасдиқ шуд. Минбаъд ба онҳо дар ҳаҷми 400 сомонӣ ба ҳар як нафар ёрӣ расонида мешавад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






