Ба донишҷӯён оид ба истифодаи самараноки маводи доруворӣ маълумоти исботшудаи илмӣ пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» барои донишҷӯёни курси 4-уми факултаи фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино семинар-тренинг дар мавзӯи «Истифодаи самараноки маводи доруворӣ ва рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар семинар-тренинг ба донишҷӯён оид ба истифодаи самараноки маводи доруворӣ маълумоти эътимоднок ва илман исботшуда дода шуд. Зикр шуд, ки як роҳи асосии ҳалли масъалаи истифодаи ғайрисамараноки маводи доруворӣ- ин ҷорӣ намудани рӯйхати маводи дорувории асосӣ ба шумор меравад. Он таъминкунандаи истифодаи самаранок, бехатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас ба шумор меравад.
Дар охир барои паҳн намудани иттилооти саҳеҳ ва эътимодноки фармасевтӣ ба иштирокчиён маводи иттилоотӣ дода шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






