Бадахшон: Барфи зиёд роҳҳоро баст, боми 24 хона фурӯ рехт. Бештар аз 90 оила ба ҷои амн кӯч дода шуданд
ХОРУҒ, 17.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз табдил ёфтани барф ба борон тармафуроӣ дар роҳҳои мошингард ва кӯҳдоманҳо боз ҳам шиддат гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Шуҳрат Шоисматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Бадахшон гуфт, ки аз се рӯз ба ин сӯ бар асари резиши пай дар паи тарма роҳи Хоруғ- Душанбе, Хоруғ -Мурғоб -Қулма, Хоруғ -Ишкошим баста аст. Дар айни ҳол дар мавзеи Хехаки ноҳияи Ванҷ, Шипади ноҳияи Рӯшон тармаҳои ҳаҷман бузург рӯи роҳ рехтаанд, ки боз кардани роҳро душвор мегардонанд. Мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулода шабонарӯз дар мавзеъҳои хатарзо навбатдорӣ мекунанд ва ҳаракати нақлиёту рафтуомади одамонро назорат мекунанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Шоисматов, хушбахтона, то ба имрӯз барфу боронгарӣ ва тармафуроӣ ба сокинони шаҳру деҳот осеб нарасондаанд.
Дар ҳамин ҳол аз таъсири боронгарӣ дар шаҳри Хоруғ боми наздики 25 хона фурӯ рехт. Сардори бахши шаҳрии ситоди мазкур Умед Тутишоев, ки бо гурӯҳе аз ихтиёриён ба кӯч додани сокинон аз маҳали хатарзо ба ҷои амн машғул мебошанд, дар суҳбат изҳор дошт, ки барои истиқомати муваққатии ин хонаводаҳо дар мактабу марказҳои фарҳангӣ шароит муаҳайё карда шудааст. Ҳам бистари хоб ва ҳам хӯроки гарм омода аст. Дар ҳоли ҳозир аз 180 манзили зери хатари эҳтимолӣ қарор дошта, 94 оила ба мавзеи бехавф кӯч бастанд. Аксарияти ин нафарон дар хонаи хешу табор ҷо дода шуданд.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар паи интишори як муроҷиатнома аз сокинони ВМКБ ва меҳмонон тақозо кард, ки дар се рӯзи оянда аз сафар ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо худдорӣ варзанд. Зеро бо гарм шудани ҳаво тармафуроӣ шиддат мегирад.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






