Бадахшон: Барфи зиёд роҳҳоро баст, боми 24 хона фурӯ рехт. Бештар аз 90 оила ба ҷои амн кӯч дода шуданд

Февраль 17, 2017 15:06

ХОРУҒ, 17.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз табдил ёфтани барф ба борон тармафуроӣ дар роҳҳои мошингард  ва кӯҳдоманҳо боз ҳам шиддат гирифт. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ Шуҳрат Шоисматов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Бадахшон гуфт, ки аз се рӯз ба ин сӯ бар асари резиши пай дар паи тарма роҳи Хоруғ- Душанбе, Хоруғ -Мурғоб -Қулма, Хоруғ -Ишкошим баста аст. Дар айни ҳол дар мавзеи Хехаки ноҳияи Ванҷ, Шипади ноҳияи Рӯшон тармаҳои ҳаҷман бузург рӯи роҳ рехтаанд, ки  боз кардани роҳро душвор мегардонанд. Мутахассисони ситоди ҳолатҳои фавқулода шабонарӯз дар мавзеъҳои хатарзо навбатдорӣ мекунанд ва ҳаракати нақлиёту рафтуомади одамонро назорат мекунанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат Шоисматов, хушбахтона, то ба имрӯз барфу боронгарӣ ва тармафуроӣ ба  сокинони шаҳру деҳот осеб нарасондаанд.

Дар ҳамин ҳол аз таъсири боронгарӣ дар шаҳри Хоруғ боми наздики 25 хона фурӯ рехт. Сардори бахши шаҳрии ситоди мазкур Умед Тутишоев, ки бо гурӯҳе аз ихтиёриён ба кӯч додани сокинон аз маҳали хатарзо ба ҷои амн машғул мебошанд, дар суҳбат изҳор дошт, ки барои истиқомати муваққатии ин хонаводаҳо дар мактабу марказҳои фарҳангӣ шароит муаҳайё карда шудааст. Ҳам бистари хоб ва ҳам хӯроки гарм омода аст. Дар ҳоли ҳозир аз 180 манзили зери хатари эҳтимолӣ қарор дошта, 94 оила ба мавзеи бехавф кӯч бастанд. Аксарияти ин нафарон дар хонаи хешу табор ҷо дода шуданд.

Ситоди ҳолатҳои фавқулода дар паи интишори як муроҷиатнома аз сокинони ВМКБ ва меҳмонон тақозо кард, ки дар се рӯзи оянда аз сафар ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо худдорӣ варзанд. Зеро бо гарм шудани ҳаво тармафуроӣ шиддат мегирад.

Февраль 17, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст