Бахшида ба Соли ҷавонон Фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фестивали ҷумҳуриявии «Таронаи сарбоз» баргузор гардид.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки имрӯз мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои мусаллаҳи хеш чун неруи тавоно, сипари боэътимод ва таъмингари осоиштаи ҳаёт ифтихор мекунанд.
«Ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодӣ таъсис ёфт, вале дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мунтазам марҳила бар марҳила устувору қавитар гардид. Қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит шудаанд»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ба гуфтаи номбурда, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори на танҳо хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар, бахусус насли ҷавон мебошад. Яке аз муҳимтарин мактаби обу тоби ҳаёт- ин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ буда, он қарзи виҷдонӣ ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер аст.










Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






