Байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Қундуз Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2017 дар ҳузури вазирони корҳои хориҷии ду кишвар маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар мавриди ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Қундузи Афғонистон баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имзои ин санад шароити мусоидро барои тавсеаи табодули таҷриба дар соҳаи маориф, илм, омода кардан ва такмили ихтисоси мутахассисон фароҳам меоварад. Протокол ҳамчунин ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи тарҳҳои муштараки илмию таълимӣ, барқарор намудани робитаҳои судманд миёни доираҳои илмии ду кишвари ҳамсоя мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






