Баргузории мусобиқаи «Ватанпарвар» дар Деваштич
ДЕВАШТИЧ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Деваштич бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбии ноҳия, НТҶҶ «Созандагони Ватан», ТҶ «Таҳмина», мактаби варзишии бачагону наврасон ва ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз муассисаҳои таълимии тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзиданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғибу ташвиқ намудани меҳанпарастӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни наврасону ҷавонон, озмоиши қувваи ҷисмонӣ ва омодогии иштирокчиён ба мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ буд. Хонандагон аз рӯйи намудҳои сафороӣ, машқҳои амалӣ аз мудофиаи гражданї, ҳаво додани норинҷак, давидан ба масофа, ҷаҳидан ба дарозӣ, бехатарии зидди сӯхтор ва дигар шартҳо байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон маҳорати баланд нишон дода, бори дигар исбот намуданд, ки дар ҳақиқат онҳо барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ омодаанд.
Баъд аз ҷамъбасти мусобиқа ғолибон муайян гардида, ҷои якумро хонандагони МТМУ №43-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, зинаи дуюмро хонандагони МТМУ№6-и Ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонӣ ва ҷойи сеюмро хонандагони МТМУ№1-и Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ ишғол намуданд. Ғолибону фаъолон бо Сипосномаву Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.













Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






