Баргузории «Озмуни суфраи наврӯзӣ» дар ноҳияҳои ВМКБ
ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба омодагӣ ба баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи телевизионии «Ороиши суфраи наврӯзӣ» байни бонувони вилоят ҷараён дорад.
Чунин озмун байни бонувони маҳаллаи Фурудгоҳ ва Дашти болои шаҳри Хоруғ бо иштироки фаъолонаи занони маҳаллаҳои мазкур доир гардид.
Мақсади озмун баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, ҳунармандони соҳибистеъдод ва нигоҳ доштани анъанаи тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ мебошад.
Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ қадрдонӣ гардиданд. «Озмуни суфраи наврӯзӣ» дар дигар ноҳияҳои ВМКБ низ идома дорад.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






