Барномаи Фулбрайт довталабонро барои таҳсил дар Америка даъват менамояд

Февраль 8, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барномаи «Фулбрайт барои донишҷӯёни хориҷӣ» ҷиҳати гирифтани дараҷаи магистр дар донишгоҳҳои Америка дар соли таҳсили 2018-2019 барои донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон шароит фароҳам меоварад.
Тавре аз бахши робита бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи Фулбрайт таҳсилро дар ҳамаи бахшҳо, ба истиснои бахши тиб боз намудааст.
Довталабон бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд. Барои таҳсил тариқи ин барнома довталабон бояд дипломи маълумоти олӣ ва на кам аз 2 сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.
Хуҷҷатсупорӣ тариқи онлайн ба роҳ монда шудааст. Довталабон бояд дархостро тариқи онлайн ирсол намуда, нусхаи диплом, замима ба он ва тарҷумаи ҳуҷҷатҳои мазкурро дар нотариат тасдиқ кунанд.
Хоҳишмандон метавонанд маълумот оид ба тестҳо ва намунаи имтиҳонотро дар сомонаи сафорат ба даст оранд.
Нафароне, ки имтиҳонҳоро бо муваффақият месупоранд, раводиди намуди J-1-ро соҳиб мегарданд. Маблағи таҳсил ва хароҷоти марбут ба он, суғуртаи саломатӣ, идрорпулии моҳона, хароҷот барои хариди китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш, хароҷоти сафaр ба Амрико ва хароҷоти бозгашт пурра аз ҷониби барнома пардохт мешавад.
Довталабоне, ки ҳуҷҷат месупоранд, бояд забони англисиро хуб донанд, то тавонанд дар Иёлоти Муттаҳида таҳсил намоянд.
Ҳуҷҷатҳо то 19 майи соли 2017 қабул карда мешаванд.

Февраль 8, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ