Барои сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон 140 ҷои корӣ пешниҳод гардид
ХОРУҒ, 20.2.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯбаи амалӣ намудани нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат бо мақсади таъмини сокинони кишвар бо ҷойҳои нави корӣ шуъбаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар маркази ВМКБ- шаҳри Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор намуд. Муовини сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ Наврӯзшо Илолов гуфт, ки «ҳоло зиёда аз ду ҳазор нафар ба сифати бекор дар шуъбаи мо сабти ном шудаанд. Дар ярмаркаи имрӯза барои шахсони бешуғл 140 ҷои корӣ пешниҳод шуд. Мутобиқи шартнома 100 ҷои корӣ барои шахсоне ҷудо шудааст, ки мехоҳанд берун аз кишвар фаъолияти кориашонро идома диҳанд».
Наврӯзшо Илолов ҳамчунин зикр намуд, ки мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон барои муҳоҷироне, ки ба ватан баргаштаанд, 30 ҷои корӣ муҳайё намуданд. Аз тарафи созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҷавонони донандаи забонҳои хориҷӣ 3 воҳиди корӣ пешниҳод гардид.
Ба гуфтаи сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ, дар замони муосир ҳар касе, ки кордону забондон аст, бе ягон миёнрав соҳиби кор мегардад.