«Базми ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 27.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маҳфили «Базми ҷавонӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино иттилоъ доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, маҳфили мазкурро шуъбаи тарбия ва фарҳанг, шуъбаи кор бо ҷавонон, Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ дар ҳамбастагӣ роҳандозӣ намуда, дар ҷараёни он роҳбарон ва фаъолони донишгоҳ иштирок доштанд.
Иштирокчиёни маҳфил барномаи адабӣ-фарҳангии худро пешкаши ҳозирин гардонида, дар бораи Ватан, Модар, Наврӯз ва баҳори оламафрӯз шеъру таронахонӣ намуда, суруду рақс ва саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд.
Дар маҳфил намояндагони Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯён оид ба ватандӯстӣ, эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус роҳ надодан ба бегонапарастиву паҳн шудани фарҳанги бегона маслиҳатҳои судманд доданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






