БДА ба ронандагон: «Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошед!»
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат рӯзҳои наздик якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боридани барфу борон дар назар аст. Дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, аз ҷумла роҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-ағбаи Қулма, Ваҳдат-Рашт-Лахш эҳтимолияти фаромадани тарма дар назар дошта шудааст.
«Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо боэҳтиёт бошанд ва таҷҳизоти иловагии зиддилағшиш — занҷир, таноб ва дигар лавозимоти заруриро бо худ гиранд. Бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд»,-ҳушдор додааст Раёсати мазкур.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






