БМТ: Фаъолияти вазъи бозори дохилии асъор пайваста таҳти назорат аст
ДУШАНБЕ, 10.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки вазъи бозори дохилии асъор имрӯзҳо мӯътадил буда, фаъолияти он зери назорати доимии гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои кории муштараки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бино ба иттилои бонк, муассисаҳои бонкӣ барои анҷом додани амалиёти хариду фурӯш ба миқдори кифоя пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ доранд ва амалиёти мубодиларо бе ягон маҳдудият мегузаронанд.
Хотиррасон менамоем, ки мубодилаи асъор дар ҷойҳои дигар ва даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ҳангоми амалиёти мубодилавӣ қонуншиканӣ ҳисобида шуда, шаҳрвандон уҳдадоранд, хариду фурӯши асъори хориҷиро танҳо дар хазинаҳои ташкилотҳои қарзӣ, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ анҷом диҳанд. Зеро анҷом додани амалиёти мубодила дар дигар ҳолат қонуншиканӣ арзёбӣ гашта, барои чунин амал ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






