Бо сармояи Арабистони Саудӣ дар Душанбе Маркази омӯзишӣ сохта мешавад

Февраль 21, 2017 15:22

ДУШАНБЕ, 21.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо сармояи Маркази хайриявии шоҳ Салмон — Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад. Дар ин росто 21 феврал дар Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Душанбе маросими имзои Созишномаи дуҷониба оид ба бунёди Маркази омӯзишӣ барои кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ кордори Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иссо Иддан Аломорӣ имзо намуданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи бунёди Маркази омӯзишӣ ва бозомӯзии наҷотдиҳандагон дар Душанбе моҳи августи соли 2016 зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ва ҳайати Маркази Шоҳ Салмон таҳти роҳбарии муҳандис Аҳмад ибн Алӣ Ал-Без дар Душанбе баррасӣ гардида буд.
Умеда Юсуфова-сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо бунёди Маркази омӯзишӣ, ки умед аст соли равон сохтмони он оғоз ёбад, на танҳо мутахассисону наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки афсарону наҷотдиҳандагони мақомоти марбутаи кишвари ҳамҷавори Афғонистон тамрин ва бозомӯзӣ менамоянд. Бунёди маркази бозомӯзӣ баҳри такмил ва баланд бардоштани савияи дониш, малака ва маҳорати кормандон ва сохторҳои марбутаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишварамон шароити мусоидат фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки ҳамзамон имрӯз дар ҳузури ҳайати коршиносону намояндагони Маркази хайриявии шоҳ Салмон ва намояндагони иддае аз идораҳои марбутаи Тоҷикистон якчанд лоиҳаю барномаҳо, ки ба тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мусоидат менамоянд, ба тасвиб расиданд, ки инҳо Барномаи дастгирии иҷтимоӣ ва кам кардани хатарҳои офтаҳои табиӣ, Барномаи дастгирии иҷтимоӣ барои беҳтар намудани маҳорати ҷавонон, Барномаи дастгирии хизматрасонии логистикӣ ва кумакрасонии Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Барномаи дастгирии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Дар маҷмӯъ ҷониби Арабистони Саудӣ тавассути Маркази шоҳ Салмон барои татбиқи панҷ барномаи мазкур, беш аз 1,6 миллион доллар сармоягузорӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки кумаку дастгириҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз рушди босуботу бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тӯли солҳои охир, хусусан бад аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи январи соли 2016 ҷараён гирифт, густариш меёбад. Кумаку дастгирии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ асосан тавассути Сандуқи Саудии Рушд ва Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона сурат мегирад. То ҷое мусаллам аст, моҳи августи соли 2016 як гурӯҳи масъулон аз Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстонаи Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии муҳандис Аҳмад ибн Алӣ Ал-Без ба Тоҷикистон ташриф оварда, роҳҳои татбиқи тасмимҳои қаблан ҳосилшударо бевосита баррасӣ намуда буданд.
Намояндагони маркази номбурда бо роҳбарону масъулин ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба расонидани кумакҳо дар самти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз хавфи обхезии ҳавзаи дарёи Панҷ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринавро баррасӣ намуданд.
Намояндагони Маркази шоҳ Салмон доир ба кумакҳо ва фаъолияти башардӯстона ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мавзеи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав рафта, бо вазъи селпартои Чубекча, садди соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили рости дарёи Панҷ ва таҷдиди маркази таълимии наҷотдиҳандагон дар Қаратоғ бевосита шинос гардида буданд. Қаблан аз ҷониби Маркази шоҳ Салмон ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаи Бадахшон ва навоҳии водии Рашт кумак расида буд.

Февраль 21, 2017 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд