«Бойчечак гашта хандон…». Дар кӯчаҳои Душанбе наврасон муждаи баҳор мерасонанд!
ДУШАНБЕ, 14.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар пуштаву кӯҳҳои атрофи пойтахт бойчечак сар задаст! Ин пайки баҳор аст!
Бойчечак на танҳо муждаи бахор, балки манбаи даромади наврасон низ мебошад. Дар кӯчаҳои Душанбе се дона бойчечак – 5 сомонӣ.
Наврасон суруд мехонанд:
Бойчечак гашта хандон,
Шукрона гӯем ба он.
Ба сайри гули бодом,
Моро расонад Яздон.
Бойчечаку бойчечак,
Гесуи ёр бойчечак.
Бойчечаку бойчечак,
Буи баҳор бойчечак!
Дар айёми омад-омади баҳор села-села кӯдакон бо ин тарона дари хонаҳоро мекӯбанд ва хабари омадани баҳорро мерасонанд.
Ин таронаи халқии тоҷик аст. Чунин суруду таронаҳои маросимӣ ва ривояту афсонаҳои халқии тоҷикро дар вақташ академик Раҷаб Амонов, ки муддати беш аз 30 сол ба ҳайси мудири бахши фолклори Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард, ҷамъоварӣ ва дар чандин китобҳо, аз қабили «Баёзи фолклори тоҷик», «Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб», «Намунаи фолклори диёри Рӯдакӣ», «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ», «Афсонаҳо барои бачаҳо» ва ғайра нашр карда буд, то фаромӯш нашаванд ва аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл интиқол ёбанд.
Ин ҷо яке аз он афсонаҳоро дар бораи гули бойчечак чун барги сабз пешниҳоди хонандагон мегардонем.
БОЙЧЕЧАК
(Афсона)
Буд набуд, ҷони бобо, як замони хеле қадиме буд. Дар рӯи замин ҷамъияти ибтидоии қабилавӣ ҳукмронӣ менамуд. Одамон мисли ҳозира хона надоштанд. Онҳо дар ғорҳо ё ҷару баландиҳо сарпаноҳ сохта, зиндагонӣ мекарданд. Аз як қабилаи бузург танҳо ду нафар — набера ва бибии ӯ аз чанголи аҷал раҳо ёфта буданд ва ҳар рӯз онҳо барои зинда мондан мубориза мебурданд. Афсонаи имрӯзаи мо, ана дар бораи ҳамин Кампиру Писарак аст, асали бобо.
Кампир бо пухтупаз машғул буд. Ӯ барои худ ва набераи азизаш хӯрок мепухт ва ҳоло чашм ба дег медӯхт.
Оби деге, ки дарунаш чанд реша бозӣ мекард, ба ҷӯш омад. Алави оташдон ҳам пасттар шуд. Кампир чолокона чӯбу хошокҳои носӯхтаро ба болои оташ партофт, ки зудтар сӯхта, дудашон тамом шавад. Баъд хеста, пӯсту чармҳои гуногуне, ки вазифаи пардаи дарро иҷро мекард ва ҳоло кулӯла печонда, болои даромдагоҳи ғор баста шуда буд, фаровард. Он ҳамчун дар хизмат мекард. Баъди фаровардани он даруни ғор, ки коза мегуфтанду вазифаи хонаи зистро ба ҷо меовард, ба назараш гармтар шуд.
Набераи ӯ Писарак аз гуруснагӣ бемадор мехобид. Кампир чанд чумча аз оби дег ба даҳони писарак рехт. Писарак оби явғони дегро ҳарисона мехӯрду боз даҳон мекушод. Кампир боз ба вай таом медод.
Гармии таом ба бадани ӯ давида чашм кушод.
-Мома, — нидо кард Писарак. Мома гуфтани ӯ маънои «бибӣ»-ро дошт. Пештар модаркалонҳоро ҳамин тавр ном мегирифтанд. -Ман мемирам?
-Не, ҷони мома! Ман туро мурдан намемонам.
-Чӣ хел, мома?
-Чунки умри қаҳри табиат кам мондааст?
Писарак ба хаёл рафт ва боз пурсид.
-Мома, замин сер аст?
-Замин ҳамеша носерам! — аз ин гапи Кампир як оҳанги норозигӣ ҳувайдо шуда меистод. Чунки, асали бобо, бисёре аз аҳли қабилаи ӯро замин ба коми худ фурӯ бурда буд ва писарак ҳам ба замин гӯрондани одамро чунин мефаҳмид. — Замин бо хӯрдани одамизод ҳеҷ гоҳ сер намешавад. Вале ту натарс, ҷони мома. Ҳоло мо боз ба рӯзҳои нағз мерасем. Қаҳри табиат мефарояд, болои сарамон офтоби меҳрубон мебарояд, дар рӯи замин сабзаҳо медаманд.
Писарак ба суханони Кампир бо диққат гӯш медод. Дар рӯшноии лахчаҳои оташи байни коза чашмони ӯ барқ мезаданд.
-Мома, нишонаи фасли бедории замин чист? — якбора пурсид Писарак. Он вақтҳо ивазшавии фаслҳои солро мардум намедонистанд. Баҳорро бедории замин, тобистонро гармо, тирамоҳро хазонрез ва зимистонро қаҳри табиат мегуфтанд. Писарак интизори фасли баҳор буд ва ба бибияш чунин савол медод.
-Гул, ҷони мома. Дар рӯи замин сабзаҳо махмал барин дамида, гул барояд, ин бедории замин аст.- ҷавоб дод кампир.
-Ман пагоҳ ба ҷустуҷӯи гул меравам! – қатъӣ гуфт Писарак.
-Албатта, ҷони мома.
Писарак дигар чизе напурсид ва хоб дар чашмонаш ғалаба кард. Кампир болои ӯро бо кӯрпапӯстакҳо дурусттар пӯшонда, худаш низ дар паҳлӯи наберааш дароз кашид.
Медонӣ, донои бобо, барои одамони давраҳои қадим аз сар гузарондани фасли қаҳри табиат — зимистон ниҳоят душвор буд. Ба ҳама марг таҳдид мекард. Махсусан, он солҳое, ки баҳораш — фасли бедории замин хушксолӣ шавад ва ё барфу боронҳои фасли қаҳри табиат — зимистон дурудароз гардад, ба сари онҳо ҳуҷуми марг бештар мешуд. Барқасд, ҳамон сол хушксолӣ шуд. Кампир барои худ ва наберааш ба қадри зарурӣ хӯрок захира карда натавонист. Алафҳои гандумак — бобокалони гандумҳои ҳозираи мо, дуруст нашъунамо накарда, хушк шуданд. Агар каму беш гандумак меғундошт, донаҳои хурд — хурди онро бо санг кӯфта, талқон сохтан ва аз он ордобае пухтанаш мумкин буд. Захираи ками меваҳои хушкашро мушҳо ба ғорат бурданд. Сардӣ, барфҳои пай дар пай ба ҳаёти онҳо таҳдид мекард. Кампир намехост, ки охирин намояндаи аҷдодонаш — наберааш мирад. Аз ин рӯ, тамоми ҳастияшро барои зинда мондани ӯ равона мекард.
Кампир саҳар хеста, аз коза берун баромад. Вай ба сӯе, ки офтоб бояд мебаромад, рӯ оварда салом дод ва шукр кард, ки зинда аст ва боз як рӯз насибаш гаштааст.
Писарак ҳам берун баромад.
Чор тараф барф. Таги по ях. Нафас мекашиду буғи даҳону бинияш дар ҳаво бухор нагашта, ях мебаст ва гарду чанг барин ба замин мерехт.
-Мома, ман меравам, — гуфт Писарак.
-Албатта, ҷони мома, рав, — гуфт Кампир. Он вақтҳо ҳар гаперо гӯянд, ҳатман иҷро мекарданд. -Нишонаи бедории заминро коб. Чашмони ту мисли чашмони уқобон тез аст, ҳатман меёбӣ!
Писарак ба роҳ баромад.
Вай ҳама тану ҷон чашм шуда, ба чор тараф менигарист ва нишонаи бедории замин — гулро меҷуст.
Шамолаки беқарор пеш-пеши ӯ метохт. Шамолак, ки ҳанӯз ҷавон буд, бо Писарак ҳазлу бозӣ кардан мехост. Гоҳ аз рӯ ба рӯяш вазида, барои пешравияш имкон намедод. Гоҳо аз пушташ тела дода, афтонданӣ мешуд. Баъзан гирдбод шуда, дар атрофи Писарак чарх мезад ва раҳгум занондан мехост.
Дар ин ҳавои хунук, ки ӯ ба ҷустуҷӯи гул баромада буд, ҳазлу шӯхиҳои Шамолаки беқарор ба вай нафорид.
-Маро ба ҳолам мон, Шамолҷон, — ба Шамолаки беқарор рӯ оварда илтиҷо кард Писарак. -Ман бояд нишонаи бедории заминро ёбам. Табиат зиндаву ҳама ҷо махмалпӯш шавад, ана он гоҳ, ҳарду хуб даводавӣ ва шӯхиву бозӣ мекунем.
Ба худи Шамолаки беқарор ҳам фасли қаҳри табиат чандон маъқул набуд. Дар ин фасл худи вай хунук нахӯрад ҳам, одамон ӯро бад медиданд. Барои он, ки ӯ ба козаву ғорҷояшон надарояд, дар пеши рӯяш дарҳояшонро мебастанд. Вале дар дигар фаслҳо ҳамчун меҳмони азиз Шамолаки беқарорро интизор мешуданд, вазиданашро илтиҷо мекарданд. Гоҳо вай ҳам ба одамон ҳузуру ҳаловат бахшидани шуда, аз болои гулҳо мевазад ва бӯйи хуши онҳоро ба димоғи мардум мерасонд.
-Ин хел бошад, ман ба ту ёрӣ мерасонам, — ба Писарак ваъда дод Шамолаки беқарор.
Шамолаки беқарор аз ин нияти неки Писарак хурсанд шуд. Дигар баҳудаву беҳуда, ба сару рӯяш вазида, ба ҷустуҷӯи гул халал намерасонд.
Писарак ҳамроҳи Шамолаки беқарор афтону хезон, гоҳо то миён ба барф ғӯтида, муждаи бедории заминро кофт. Чӣ қадар кофт, ба куҷоҳое нарафт, чандин барфтӯдаҳоро бо дасту по тит карда, зери онҳоро дид, аммо аз гул нишоне наёфт ва бегоҳ маъюсу пакар ба назди момааш баргашт.
-Наёфтам, мома.
-Имрӯз наёфта бошӣ, пагоҳ меёбӣ, — ӯро тасалло дода гуфт Кампир. -Одам ҳар кореро хоҳаду бо дили гарм аз пасаш шавад, ҳатман ба мақсадаш мерасад.
-Мумкин ҳоло то гулбароӣ вақти зиёде бошад?
-Надонам, ҷони мома, — китф барҳам кашида гуфт Кампир — Лекин ҷӯянда ёбанда аст.
Рост гап, асали бобо, вай ҳам намедонист. Он вақтҳо, ки фаслҳои солро намедонистанд, рӯзшуморӣ ҳам набуд. На бачаҳо ва на калонсолон рӯзи таваллудашонро намедонистанд ва зодрӯзашонро мисли мо қайд намекарданд. Шаб рӯз мешуду рӯз шаб мегардид ва умрашон мегузашт, кӣ чандсола аст, ба хаёли касе намеомад.
Онҳо аз нобудӣ ҳар бегоҳ оби ҷӯшондаи решадорро мехӯрданд. Гоҳо кампир аз мушхона ё мӯрчахона ягон мағз ё дона ёбад, ба даруни дег меандохт, ки оби дег хеле бомазза мешуд. Обашро худаш хӯрад, донашро ба Писарак медод: вай бояд зинда монад!
Ҳар пагоҳ Писарак ба ҷустуҷӯ мебаромад. Шамолаки беқарор ба вай ҳамроҳ мешуд. Кампир то бегоҳ дар интизории ӯ ба корҳои рӯзгор машғул мегашт.
Писарак ҳамроҳи Шамолаки беқарор адир ба адир мегашт. Ба чор тараф чашм медӯхт. Аз таъсири хунукӣ дасту пояш ба тараша табдил меёфт. Бо вуҷуди он, вай дилмонда намешуд, гул мекофту гул мекофт, вале аз гул нишоне намеёфт.
Баъзан Писарак ба ҳайвонҳои дарранда рӯ ба рӯ меомад. Шамолаки беқарор зуд ба гӯши онҳо мақсади Писаракро мефаҳмонд. Даррандаҳо аз мақсади Писарак огоҳ шуда, сахт гурусна бошанд, ки ба Писарак кордор намешуданд.
-Ӯ гул мекобад! — хурсандона ба якдигар мегуфтанд онҳо. -Гул муждаи бедории замин аст. Табиат зинда шавад, мо ҳам зинда мемонем. Ин Писараки нағз ғами моро ҳам мехӯрдааст, вайро нобуд карданамон аз рӯи инсоф нест.
Баъди ҷустуҷӯйҳои зиёд Писарак мондаву лакот шуда, бегоҳ пойҳояшро базӯр кашола карда меомад. Кампир ба пешвозаш баромада саволмез ба ӯ чашм медӯхт.
-Нест, — мегуфт Писарак.
-Ҳаст! — мегуфт Кампир.
-Аз мо қаҳр карда бошад чӣ?
-Қаҳр намекунад. Дигар ҷойҳоро бин. Одам бо умед зинда аст. Умедат канда шавад, намеёбӣ.
-Умеди ман канда намешавад!
-Албатта, ҷони мома. Иродаи ту мисли кӯҳҳо бақувват аст.
Кампир дар дили Писарак ҳамеша чароғи умед меафрӯхт.
Рӯзи дигар Писарак боз ба тарафҳои дигар ба ҷустуҷӯи баҳор мерафт. Шамолаки беқарор ба вай ҳамроҳӣ мекард.
Аз нияти неки Писарак дигарон ҳам огоҳ гашта, хурсанд мешуданд.
Шамолаки беқарор як рӯз бародарону хоҳаронашро ҷамъ намуда, масъаларо кундалаг гузошт:
-Биёед, ба Писарак ёрӣ расонем. Якҷоя рафта аз ҷануб ҳавои гармро пеш карда ба ин ҷо оем. Он гоҳ яху барфҳо зуд об шуда, гул мебарояд.
Ҳар кадоме аз бародарону хоҳаронаш баромада гап заданд. Хулосаи машварати онҳо чунин буд:
-Ба Писарак ёрдам додан хоҳем ҳам, ин кори ношуданӣ аст. Ҳавоҳои гарм ё дар он ҷо моро нобуд месозанд ва ё зӯран ба ин ҷо орем, худашон аз хунукӣ мемуранд.
Аз ин хулосаи бародарону хоҳаронаш Шамолаки беқарор дилмонда нашуд. Зеро Писарак ҳамон аз ҷустуҷӯи гул даст намекашид.
Писарак дар ҷустуҷӯи нишонаи бедории замин торафт харобу бемадор мегардид. Бинобар ҳамин Шамолаки беқарор ғамхориҳои худро дучанд зиёд мекард. Вай пеши роҳи шамолҳои пурқуввати дайдуро мегирифт. Ба кадом тараф рафтан хоҳад, ба ҳамон тараф тела дода, мадад мерасонд. Дигар пеш рафта натавониста, дар рӯи барф афтода монад, лабу рӯяшро нарм-нарм лесида бедор мекард. Ҳа, шакари бобо, шамолаки беқарор метарсид, ки мабодо Писарак даруни барфу ях афтода хобаш бурда монад, мурданаш мумкин.
Шамолаки беқарор мисли Писарак якрав буд. Вай ба назди фасли қаҳри табиат рафта, илтимос кард, ки ҷояшро мувақаттан, ақаллан барои даҳ рӯз, як ҳафта, ҳеҷ набошад, барои як рӯз ба фасли бедории замин холӣ карда диҳад: гул барояду Писарак онро ёбад.
-Наметавонам! – қатъӣ гуфт фасли қаҳри табиат. -Ман, ки ба мӯҳлати муайян ба тахти шоҳаншоҳии худ нишастаам, бояд аз таҳти дил ҳукмронӣ кунам. Ба дили ҳама даҳшату ваҳима андохта, ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ созам. Каму зиёд шудани ҳукмронии ҳар як фасл мувофиқи қонуни табиат мумкин нест. Худат шаҳид будӣ, ки барои гирифтани тахти шоҳаншоҳӣ ман бо фасли хазонрез чӣ қадар ҷангу ҷанҷол кардам. Вай барвақт ҷойро холӣ карда надод, ман ҳам наметавонам.
-Писарак ноумед нашавад, ақаллан як соат холӣ кун, гул, ки баромад, боз ба тахтат шину ҳукмронӣ кардан гир.
-Не, наметавонам. Ҳисобу китоби мо вайрон мешавад. Мувозинат гум шавад, ҷангу ҷанҷол мехезад.
Бо вуҷуди ҷавоби рад шунидан Шамолаки беқарор дилмонда намешуд. Охир Писарак боумед асту вай чӣ хел ноумед шавад?!
Шамолак бо суръати баланд, бо тамоми қувваю ҷон парид, парид, парид ва ниҳоят ба назди Офтоб расид.
-Офтобҷон, ҷон Офтобҷон! Аз ту чӣ меравад, ҳӯ ба ҳамон ҷойҳое, ки Писарак ҳар рӯз дар ҷустуҷӯи гул аст, нурпошӣ кун. Илтимос…
-Аз ман ҳеҷ чиз намеравад, вале аз ин ҷо то он ҷо масофа хеле зиёд аст. Рӯшноиям рафта расад ҳам гармиям намерасад.
-Хайр, саҳл онсӯтар рафта нурпошӣ кун.
-Барои то он ҷойҳо рафта расиданам чандин рӯз лозим аст. То ин қадар рӯзҳо нагузаранд, ман ба он ҷо рафта наметавонам!
-Наметавонӣ, ё намехоҳӣ?
-Мехоҳам, вале наметавонам.
Писарак ҳамон нишонаи баҳор меҷуст. Шамолаки беқарор, ки бо Писарак унс гирифта буд, акнун аз ӯ ҷудоӣ надошт. Вай барфи рӯи заминро бо вазиши худ рӯфта мепартофту ба Писарак чашм медӯхт.
Шамолаки беқарор дид, ки бо ин роҳ гул ёфтан барояшон муяссар намешавад, ба зону афтодаву сарашро ба замин молида, аз тухму решаҳои гулҳое, ки дар зери замин ба хоб ноз рафта буданд, илтиҷову зорӣ намуд, ки ақаллан яке аз онҳо зада ба рӯи замин бароянд. Фарзанди одамизодро ноумед кардан хуб нест.
Вале гулҳо илтимосу зориҳои Шамолаки беқарорро бо далелҳои гуногун рад карданд.
-Ман аз хунукӣ метарсам! — гуфт Лола. -Худам умри кӯтаҳакак мебинаму боз аз аҷалам пештар мурам?!
-Дар ин хел сармо бароям, ба худо, ки маро хунук мезанад, — ҷавоб дод гули Мамочучук. -Ман аз ҳаёт дурусттар баҳравар нашуда, мурдан намехоҳам!
-Ҳоло барвақт! -Дар навбати худ гуфт гули Қоқу. -Замин ях, ғафсии ях баланд. Сари сагине даркор, ки онро шикофта бароям.
Гулҳо ҳазору як сабабу баҳона пеш оранд, ҳам, Шамолаки беқарор ҳамон аз зориву тавалло намемонд. Чунки Писарак дар дил умед дошт ва аз ҷустуҷӯи гул даст намекашид. Шамолаки беқарор аз ӯ беқарортар буд.
Ба таваллою зориҳои Шамолаки беқарор ниҳоят гуле розӣ шуд, ки аз замин сар бардошта, худро нишон диҳад. Вай медонист, ки дар ин фасли даҳшатнок замини яхбастаро бо сар шикофта, аз байни барфи ғафси сап-сафед баромадан хатарнок аст. Ҳа асали бобо, ин кор як қаҳрамоние ба ҳисоб мерафт.
Писарак рӯзи ҳафтум буд, бисту якум буд ва ё чилу шашум буд, ҳеҷ кас намедонад, чунки, боз такрор мекунам, асали бобо, ҳисоби рӯзу ҳафтаву моҳҳо вуҷуд надоштанд, боз ба ҷустуҷӯи гул баромад. Аз гаштану кофтани гул панҷаҳои дасту пойҳояш варамида, хун барин суп-сурх шуданд. Вай байни адирҳо якта — якта базӯр қадам мепартофту нигоҳи чашмонаш рӯ — рӯи барфҳо медавиданд. Аз нигоҳҳои дурудароз чашмонаш гоҳ пӯшида мешуданду гоҳ кушода. Ногоҳ дар рӯи барф гули панҷгӯшаи зардеро дид, ки ҳамчун тилло медурахшид. Ба чашмонаш бовар накарда, бо ангуштони варамидааш молид: не мисли рӯзҳои гузашта он дар хаёлаш наменамуд ва гум намешуд.
Писарак ба назди гул омад, диккак нишаст, сонӣ бо зону афтодаву сар монда, ба гул таъзим кард, ки ниҳоят муждаи бедории заминро ёфт. Бо эҳтиёт аз бехаш канда, онро байни ангуштони кафи ду дасташ гирифт. Гул гӯё ба баданаш гармӣ, ба чашмонаш нур, ба дилаш сурур ва ба дасту пойҳояш мадор бахшид.
Писарак гулро бардошта, ончунон тез ба сӯйи козаашон давид, ки Шамолаки беқарор қариб, ки ба ӯ баробар шуда натавонад. Писарак нафасгардон ва суп-сурх арақрез шуда, назди ғор омад ва дод зад:
-Мома, ана гул! Ман ниҳоят нишонаи бедории заминро ёфтам!!
-Офарин, ҷони мома! — Кампир гулро бо эҳтиёт ба даст гирифта, аввал ба чашмон, баъд ба абрӯвонаш молид ва бӯсида хурсандона ба рақс даромад. -Гуфтам-ку, ҷони мома, кобӣ, меёбӣ!
-Инро чӣ кор кунам акнун, мома? — пурсид Писарак аз Кампир.
-Ин нишонаи бедории замин аст, ба ҳама нишон деҳу хабари хушро расон. Ба муждарасонҳо шодиёна медиҳанд, ҷони мома! — гуфта Кампир ба сӯи ғорҳо — манзилгоҳи қабилаҳои дигар ишора кард.
Писарак гули барфиро бардошта, ба сӯи хонаводаҳои дигарон давид. Шамолаки беқарор аз ӯ қафо намемонд. Вай ҳам шарики шодии дигарон шудан мехост. Мардум муждаи бедории заминро дида, гулро ба чашму абрӯяшон мемолиданду шукр мекарданд, ки мурдан паси сар шуд, ин тарафаш беҳбудӣ аст ва аз сари Писарак мағзу мавиз, донҳои ғаллаву мош, меваҳои хушк мерехтанд. Охир муждарасони хабари хушро ҳам хурсанд кардан даркор.
Он гули ҷасуру қаҳрамон Бойчечаки зебову нозук буд.
Ҳамон боз, шакари бобо, Бойчечак нишонаи фасли баҳор аст. Вай муждаи зиндашавии табиат мебошад. Онро ҳама дӯст медоранд ва бо меҳру муҳаббати беандоза Гули баҳман, Гули ях, Гули қосид, Ҳасратгул ё Бойчечак мегӯянд. Вай ягона гулест, ки то имрӯз бачаҳо бо он гулгардонӣ карда, бо мардум шодиву хурсандӣ мебахшанд!
Таҳияи
Бахтиёри ҶУМЪА
Аксҳои Тоҳир САИД