Бонки «Эсхата» барои кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ хизматрасонии нави «Маърифат ва мадад»-ро пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст барои кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ Бонки «Эсхата» хизматрасонии нави «Маърифат ва мадад»-ро пешниҳод мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур хабар дода, зикр намуданд, ки ин иқдом барои қонеъ намудани талаботи гуногуни истеъмолии хизматчиёни давлатӣ, яъне табибон, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ пешбинӣ шудааст.
Қарз дар асоси боварӣ бе гарав ва бе зомин дода мешавад. Аризаи мизоҷ аз тарафи бонк давоми як рӯз дида баромада шуда, аз рӯи пайдо шудани зарурат эҳтимолияти давраи имтиёзӣ то се моҳ пешниҳод мегардад. Ҳамаи ин бартарии асосии хизматрасонии мазкур ба ҳисоб меравад.
Нафароне, ки корманди соҳаи маориф ва ё тандурустӣ ҳастанд ва таҷрибаи кории бефосилаи на кам аз 12 моҳ доранд, метавонанд ба филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии «Эсхата» муроҷиат намоянд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






