Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар дар самти хизматрасониҳои клирингӣ ҳамкорӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар сардафтари Бонки марказии Қатар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Раиси Бонки марказии Қатар Абдулло бин Сауд ал-Сонӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз БМТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахти Давлати Қатар- шаҳри Даҳва доир гашт.
Дар ҷамъомад Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва тадбирҳои равонашуда дар самти ислоҳоти фаъолияти бонкдорӣ ва ғайра маълумоти мухтасар пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мақроиқтисодии ҷумҳурӣ сол аз сол тамоюли болоравӣ дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз минтақаҳои ҷолиб барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ гашта истодааст.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҷониби Қатар таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар барои ҳамкорӣ дар самти хизматрасониҳои клирингӣ, кушодани хати имтиёзноки қарзӣ, мусоидат ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ташкилотҳои қарзии ҳарду ҷониб, аз қабили кушодани ҳисоботи муросилотӣ, хатҳои қарзии имтиёзнок ва ғайра ба роҳ монда шаванд.
Бо назардошти мусоид ва ҷолиб будани даромадҳо аз фоизнокии пасандозҳо дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ташкилотҳои молиявии Давлати Қатар ҷиҳати кушодани намояндагиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Илова бар ин пешниҳод гардид, ки миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар табодули таҷриба дар самти назорати бонкӣ, пешбурди сиёсати монетарӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, таъмини суботи молиявӣ ва ғайра ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон бо назардошти муҳим будани ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубодилаи иттилоот ба мувофиқа омаданд.
Абдулло бин Сауд ал-Сонӣ таклифҳои ҳамкориро қобили қабул шуморида, пешниҳод намуд, ки соли равон дар яке аз давлатҳо вохӯрии ҷонибҳо бинобар муфассал баррасӣ намудани масъалаҳои ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад. Пешниҳод карда шуд, ки ҷиҳати оғоз бахшидани ҳамкорӣ Гурӯҳи кории ҳарду тараф ташкил гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мавриди баррасии қаблӣ қарор дода шаванд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода омодагии ҳамаҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистонро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ иброз намуда, бо истифода аз фурсати муносиб ҳампешаи худро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.
Зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар дар баробари санадҳои муҳими ҳамкорӣ Ёддошти тафоҳум байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ ба имзо расонида шуд.











Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






