Боздиди меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 8, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввалин моҳи соли равон 50 нафар меҳмонони хориҷӣ аз Китобхонаи миллӣ дидан карда, бо шароити он аз наздик шинос шуданд.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, моҳи январи соли равон 3 ҳазору 144 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692 нафар зиёд мебошад.
Дар моҳи аввали соли равон омаду рафти хонандагони доимии Китобхона низ ба маротиб афзудааст. Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли 2016 42 ҳазору 575 нафар хонандагон вориди китобхона шуданд, ки ин рақам дар моҳи январи имсола 52 ҳазору 289 нафарро ташкил намуд.

Февраль 8, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ