Боздиди Сафири Эрон аз Парлумони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ,03.02.2017/ АМИТ «Ховар»/. Таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон 3 феврал дар мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.
«Эрон аз аввалин кишварҳост, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард», гуфт муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Зикр шуд, ки байни ду кишвар, ки дорои умумиятҳои таърихию фарҳангианд, беш аз 170 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун ба имзо расонида шудааст. Эрону Тоҷикистон ҳамвора дар миқёси байналмилалӣ ва мантақавӣ аз якдигар ҳимоят кардаанд ва Эрон аз аввалинҳо шуда, дар бахши иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намудааст. Бунёди иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ дар Тоҷикистон бо сармояи Эрон, назири неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол», бемористони Абӯалӣ ибни Сино, бунёди корхонаи муштараки «ЭрТоҷ» далели ин гуфтаҳост. Алҳод дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ширкати эронӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият доранд.
Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ доир ба равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар заминаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва равобити байнипарлумонии ду кишвар ибрози назар намуд.
Аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






