Чанд нафар корманди IRS зимни адои вазифаи хизматӣ зери тарма монданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 18 феврали соли равон дар километри 72-юми роҳи Душанбе- Чаноқ техникаи пуриқтидор зери тарма монда, ҳафт нафар кормандони Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бедарак шуданд. Субҳи дирўз аз ашхоси бедаракшуда се нафарашон аз зери тарма наҷот дода шуда, шоми ҳамин рӯз нафари дигар наҷот ёфт. Мутаассифона, чанд лаҳза пеш ҷасади 3 нафар бедаракшудаи дигар аз ҷониби кормандони филиали Ширкат ёфт гардиданд. Марҳумон коргарони фаъолу бовиҷдони ширкати IRS буда, то лаҳзаи охирини ҳаёташон ҷиҳати дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро намудани вазифаи хизматӣ ва бо маводи хӯрокӣ таъмин намудани нафарони аз банди тарма раҳошуда талош намуданд.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти ширкати мазкур хабар дода, зикр карданд, ки аз марги кормандони худ андӯҳгин буда, ба пайвандони онҳо сабри ҷамил хоҳонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз низ шурӯъ аз субҳи содиқ, новобаста ба мушкилоту монеаҳои мавҷуда, кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиҳати рафъи тармаҳо вусъат бахшида, бе ист фаъолият доранд.
Ҳамватанонамон метавонанд оид ба ҳолати баамаломада ва ибтикороти ширкати IRS дар сомонаи филиали Ширкати мазкур ва воситаҳои ахбори омма ба таври муфассал маълумот пайдо намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






