Чемпиони секаратаи Иттиҳоди Шуравӣ Виктор Чанов аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Дарвозабони собиқи дастаи «Динамо»-и Киев ва дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ Виктор Чанов дар 57-солагӣ бо ин ҷаҳон падруд гуфт. Дар ин бора «Гордон» хабар медиҳад.
Виктор Чанов дар давраи ҳунарнамоиаш дар клубҳои футболи «Динамо» ва ССКА-Борисфен-и Киев, «Шахтёр»-и Донетск, «Маккаби» (Хайфа) ва «Бней Иегуда»-и Исроил бозӣ кардааст. Ӯ чемпиони секаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ панҷ дафъа соҳиби Ҷоми СССР, чемпиони Исроил, ғолиби Ҷоми ҷомдорони Аврупо (1986) буд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби СССР аз соли 1982 то 1990 баромад карда, дар 21 вохӯрӣ ширкат кард ва аз дарвозааш 8 тӯб гирифт. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1988 барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Аврупо гардида буд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






