Д. Қодирзода: «Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд». /Дар партави Паёми Пешвои миллат/
ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Пешвои миллат афзуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Дар робита ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, профессор Диловар Қодирзода ҳамсуҳбат гардид.
Ба андешаи Диловар Қодирзода, дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
«Пешвои миллат бахусус ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд»,- баён дошт профессор.
Тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, неруи созанда ва ояндаи миллатанд».
Диловар Қодирзода афзуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат бори дигар қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
«Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумўи кишвари азизамон моро бовар мекунонанд, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд»,-илова кард ректори донишкада.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарўзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо намегузоранд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд.
«Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон- Тоҷикистон кўшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд»,-таъкид дошт Диловар Қодирзода.
Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017- ро дар Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
«Устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, ки қисми зиёдашонро ҷавонон ташкил медиҳанд, пас аз шиносоӣ бо Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат мунтазам кўшиш намуда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои хоҷагии халқи мамлакат ҳиссаи арзишманд гузоранд. Устодони донишкада тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва меҳнатдӯстӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъмини талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасб ва амсоли инро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешрафти Тоҷикистони азизамон боз ҳам фаъолтар меҳнат мекунанд»,-иброз дошт ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, профессор Диловар Қодирзода.
Лайло ТОҲИРӢ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






