Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор доир гардид
ДУШАНБЕ, 10. 02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид.
Дар кори он муовинони раиси Шӯро- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, аъзои Шӯро, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод иштирок намуданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳоро оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017» мавриди баррасӣ қарор дод.
Аз рӯи ин масъала муовини директори агентӣ сухан гуфта, муовинони раисони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Варзоб, Рӯдакӣ ва Файзобод ба музокира баромаданд.
Шерхон Салимзода дар мавриди афзудани истифодаи маводи синтетикӣ аз ҷониби ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки Шӯрои ҳамоҳангсозӣ бояд бар зидди ин амали номатлуб муборизаро пурзӯр намояд.
Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М. Ғуломов оид ба татбиқи «Барномаи миллии пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ барои солҳои 2013-2017» ба иштирокчиёни ҷаласа маълумот дод.
Бояд зикр кард, ки соли 2016 дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо дар давраи ҳисоботӣ 200 нафар нашъамандон муайян гардида, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қайд гирифта шуданд. Тибқи омори расмӣ соли 2016 дар вазорати мазкур 7 ҳазору 67 нафар ҳамчун бемори нашъаманд ба қайд гирифта шуданд. Аз миқдори умумӣ 175 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар ин давра 560 нафар аз қайди нашъамандӣ бароварда шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ низ доир ба корҳои ба анҷом расида ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти шӯроҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии пойтахт сухан гуфт.
Ҳамзамон Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2017 баррасӣ ва тасдиқ гардид.
Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.









Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






