Дар миқёси мамлакат 381 мавзеи хатарноки дараҷаи аввал муайян гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар миқёси мамлакат 381 мавзеи хатарноки дараҷаи аввал, аз ҷумла 186 мавзеи таҳти хатари сел, 47 мавзеи дорои хавфи ярч, 90 мавзеи обхезӣ, 25 мавзеи дорои эрозияи замин, 14 мавзеи хавфи тарма, 11 мавзеи хавфи баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва 8 мавзеи хавфи сангрезӣ мавҷуд аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, ки дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён доштанд, ин мавзеъҳо дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муайян карда шудаанд.
Тавре зикр гардид, раванди бештар хатарнок дар миқёси кишвар сел ба ҳисоб рафта, мавсими рӯйдоди он аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи август идома меёбад. Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи ин ҳодиса то моҳҳои июл – октябр ҷой дорад. Инчунин мавсими рӯйдоди обхезиҳо дар дарёҳои кишвар аз моҳи апрел оғоз ёфта, дар ҳудуди вилояти Хатлон, водиҳои Рашту Ҳисор ва вилояти Суғд то охири моҳи май ва даҳаи якуми моҳи июн идома меёбад.
Дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин хавф бар асари обшавии пиряхҳо ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо аз моҳи август то даҳаи дуюми моҳи сентябр эҳтимол дорад. Ҳамчунин бо сабаби фаъолияти бенизоми корхонаҳои коркарди қуму шағал маҷрои дарёҳо мунтазам халалдор шуда, саддҳои муҳофизатии соҳилҳо шуста мегарданд, ки дар натиҷа ба аҳолии мавзеъҳои наздисоҳилӣ ва иншооти иқтисодӣ хисороти зиёд расонида мешаванд.
Ба андешаи Пешвои миллат, аксари офатҳои табииро пешгӯӣ кардан ва зарари эҳтимолии онҳоро то андозае кам кардан имконпазираст. Дар робита ба ин, ҳамасола аз ҷониби сохторҳои дахлдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ташхиси минтақаҳои хавфнок гузаронида шуда, барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо маълумотномаҳо ирсол карда мешаванд.
Президенти кишвар ба мақомоти дахлдор супориш дод, ки масъалаи ба танзим даровардани фаъолияти корхонаҳои коркарди қуму шағалро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳангоми таҳияи барномаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ барои солҳои минбаъда доир ба ин масъала банди алоҳида ворид намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд






